
16 НОЯБР – САНАИ ТАҚДИРСОЗ, ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ҳамасола 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки ин сана яке аз рўзҳои муҳим ва пуршарафи таърихи нави давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин сана ба хизматҳои таърихии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ки бо талош ва иродаи қавии худ Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг, парокандагӣ, нобоварӣ наҷот доданд ва пояҳои давлатдории навинро таҳким бахшиданд.
Дар чунин шароити бисёр мушкил Пешвои муаззами миллат бо иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва садоқат ба Ватан, ба саҳнаи сиёсӣ омада, масъулияти гарони раҳбарии давлатро ба дӯш гирифтанд, ки он замон кишвар дар шароити ниҳоят вазнин – ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони сиёсӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ қарор дошт. Халқ пароканда, ҷомеа бесубот ва давлат қариб фалаҷ шуда буд. Дар чунин вазъияти сарнавиштсоз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро бо ҷасорат ба ӯҳда гирифта, бо иродаи қавӣ изҳор доштанд: «Ман ба хотири сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллат ҷони худро фидо месозам!» Ин суханон на танҳо рӯҳи умедро дар қалби мардум зинда карданд, балки оғози давраи нави таърихи давлатдории миллии тоҷикон гардиданд.
Дар таърихи ҳар як миллат рӯзҳои сарнавиштсоз ва шахсиятҳои бузурге ҳастанд, ки бо фаъолият ва садоқати худ роҳи рушди давлатро муайян месозанд. Барои миллати тоҷик чунин шахсият Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо назардошти хизматҳои шоистаи Ў дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва рушди давлатдории миллӣ, ҳамасола 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Санаи 16 ноябри соли 1992 дар таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун рӯзи тақдирсоз сабт гардидааст, ки дар Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хӯҷанд баргузор шуда буд, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Иҷлосияи 16-ум на танҳо як чорабинии сиёсӣ, балки оғози давраи нави давлатдории тоҷикон гардид.
Яке аз хидматҳои таърихии Пешвои муаззами миллат ин барқарорсозии сулҳу субот мебошад, ки пас аз музокироти тўлонӣ ва низоъҳои дохилӣ ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид, ки ба ҷанги дохили хотима гузошт. Ин санад яке аз дастоварҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад, ки барои мардум имкони зиндагии орому осуда ва давлати пойдорро фароҳам овард.
Аз ҳамон рӯз сар карда, бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофар ба рукни асосии ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар табдил ёфт.
Бо ибтикори Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои минбаъда сулҳи миллӣ ба даст омад, ниҳодҳои давлатдорӣ тақвият ёфтанд ва Тоҷикистон ба сӯи рушди устувор қадам гузошт.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи эҳтиром ва сипосгузорӣ ба роҳбари давлат барои нақши таърихии ӯ дар таъмин намудани сулҳ, ваҳдат ва рушди босуботи кишвар мебошад.
Бо роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба як давлати сулҳпарвар, устувор ва босубот табдил ёфт.
Хулоса, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рамзи ифтихор аз давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буда, ин рӯз моро водор месозад, ки барои ободии Ватан, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишвар саҳмгузор бошем.
Имрӯз Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти маҳбуби худ – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор ба сӯйи рушди босубот ва ояндаи дурахшон дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта, соҳибфарҳанг ва ором қарор дорад.
Ин рӯз мо, ҷавони даврони истиқлол ва пайравони Пешвои миллатро водор месозад, ки ба мисли Пешвои миллат Ватанро дӯст дорем, арзишҳои истиқлол ва сулҳро пос дорем ва барои ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.
Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.
Чу аз ҳар ҷонибе сӯйи Ватан боди хазон омад,
Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.
Ман аз ин сарзамин тиру камонро дур бинмудам,
Ки доим дар самояш пурҷило тирукамон бошад.
Қасам бо шири модар хӯрдаам дар назди халқи хеш,
Ки бахту роҳи умраш ҳамчу шири модарон бошад.
Дилу рӯйи кушодамро ба дунё пешкаш кардам,
Ки мулки кӯчакам дар чашми дунё бекарон бошад.
Ба минбарҳои болои ҷаҳон бурдам забонамро,
Ки халқи хушзабонам бо ҷаҳоне ҳамзабон бошад.
Басо хорӣ кашида, ғунчаи уммед парвардам,
Ки хориро набинад ин диёру гулфишон бошад.
Маро ҳар боғ пайғомест аз гул кардани дилҳо,
Маро ҳар мазраи сабзе зи сарсабзӣ нишон бошад.
Бувад нонрезаву нони Ватан болои чашмонам,
Дилам ҳамрози пирону аниси тифлакон бошад.
Кунам тоҷи сари дунё дилоро Тоҷикистонро,
Зи тахту тоҷи ин дунё ҳаминам ормон бошад.
Муҳаммадфариди Ҷамшед – мудири шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
