• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.
САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР – САДОҚАТ БА ВАТАНИ МАҲБУБ

САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР – САДОҚАТ БА ВАТАНИ МАҲБУБ

Тавре маълум аст, 15-уми апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати мамлакатро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки тибқи он ҳар сол 16-уми ноябр дар кишвар ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Воқеан таърихи аксар кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ зарурати асосии марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тақдири таърихи минбаъдаи давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад. Хушбахтона, дар лаҳзаҳои душвори таърихии миллати тоҷик фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Сарвари оқилу дурандеш ба фаъолият оғоз карда, тавонистанд миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳанд.

Бо шарофати роҳбарии ин марди порсо, соҳибмаърифату дурандеш дар рӯзҳои мушкилтарини печидаву мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар қалби халқ шуълаи умед ба ояндаи босаодат ва зиндагии шоиста фурӯзон гардид. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ҳамчун роҳбару раҳнамо, ворису пешвои тоҷикон шинохта шуд ва ташаббусу иқдомҳои башардӯстонаашон аз ҷониби аҳли сайёра дастгирӣ ёфт.

Баъд аз он ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар шароити барои миллати тоҷик мушкил ва сарнавиштсоз доир ва дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гаштанд, яке аз аввалин корҳое, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани тағйиру илова ба Конститусияи кишвар буд, ки дар рафти иҷлосия қабул шуд. Соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли президентии идораи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Маҳз бо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ халқи тоҷик ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти як қатор созмон ва ташкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта ва ба расмият шинохта шуд. Алҳол ҳама шоҳиди он ҳастем, ки ташаббусҳои созандаву ҷаҳонии Сарвари давлат роҷеъ ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо кардаанд ва ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат гардидааст.

Иҷлосияи таърихӣ бо қабули 74 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба барқарор кардани пояҳои сохти конститусионии кишвар ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон замина гузошт, рушди ҷомеа ва низоми азбайнрафтаи онро муайян ва роҳҳои қонқнии ҳалли онҳоро мушаххас кард.Маҳз дар ҳамон иҷлосия ояндаи кишвар ба унвони ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ мушаххас карданд, ки хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба Ватан баргардонидани фирориён яке аз вазифаҳои асосӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллати сарбаланди тоҷик ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро борҳо ба давлатҳое, ки ҳамчун нозир дар ин раванд иштирок менамуданд, гирди ҳам оварданд.

Дар ин ҷараён, саҳми кишварҳои ҳамсоя ва давлатҳое, ки воқеан ҳам, сулҳи тоҷиконро мехостанд, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Покистон, Эрон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон назаррас буд. Зеро онҳо бехатарии гурӯҳҳои музокиракунандаи ҳар ду ҷонибро дар кишварашон таъмин намуда, шароит муҳайё мекарданд, то гуфтушунидҳои тарафайн дар фазои орому ҳамдилӣ гузаронида шаванд. Дар он шабу рӯз, бо назардошти ноустувор будани вазъи сиёсии кишвар баргузории чунин вохӯриҳо кори саҳл набуд.

Ниҳоят, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Маҳз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина фароҳам созад.

Зимни ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (15-уми апрели соли 2016) вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзанда ва хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст».

Тибқи назари коршиносону сиёсатшиносон бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллӣ ва ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлати милливу шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ифтихории ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯсти Тоҷикистони навин аст.

Ҳарчанд дар кишвар ҷашнҳои гуногуни миллию давлатӣ бо рамзу намод, анъана ва суннатҳои миллӣ хеле зиёданд ва сокинони мамлакат онҳоро бо тарзи гуногун истиқбол мегиранд, аммо миёни он ҳама Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мардуми шарифи кишвар мақоми хоса дорад. Зеро таҷлили шукӯҳманди ин сана водор месозад, самимияту эҳтиромро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намоем.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузурги умумимиллӣ, рамзи муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ, бузургдошти Ватану миллат аст. Воқеан, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти боризи сиёсӣ ва лидери умумимиллӣ шинохта шудаанд, ки боис ба ифтихору сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон мебошад.



Ҳабибова С.С.- н.и.и.,и.в.дотсент, котиби илмии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *