• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ»

КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ»

Рӯзи 04-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид.
 
Ҳадафи асосии конфронс рушди тадқиқоти илмӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешбурди механизмҳои иқтисодии устувор дар ин самт мебошад.
 
Конфронсро директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ба унсури муҳимми амнияти иқтисодӣ ва экологӣ табдил ёфтааст. Ҳамчунин ба аҳаммияти илмию амалии конфронс, нақши илм дар рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва зарурати мутобиқшавии иқтисоди миллӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим ишора гардид.
 
Сипас муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қаландарзода Гулрӯ Сафар аз номи раёсати Донишгоҳ баромад карда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо баргузории чунин чорабиниҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди устувор ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас мегузорад.
 
Муовини сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурозиқзода Лутфулло Давлат дар суханронии худ ҳамкории илмию амалии вазоратро бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмӣ барои таҳкими иқтидори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим муҳим арзёбӣ кард.
 
Дар бахши пленарӣ маърӯзаҳои илмии олимони шинохтаи кишвар шунида шуданд: Пиризода Ҷалил Сафар – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар мавзуи «Самаранокии тадбирҳои танзими давлатии бозори маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити татбиқи консепсияи воридотивазкунӣ»; Умаров Дилшод Мирзовалиевич – директори Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия»-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Чарогоҳҳои интенсивии маданӣ дар Тоҷикистон – ҳамчун омили асосии амнияти устувори экологӣ ва озуқаворӣ»; Раҳимзода Исайн Раҳим – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди иқтисоди сабзи Тоҷикистон: роҳҳои ташаккул ва дурнамои рушд»; Партоев Қурбоналӣ – доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди селексияи зироатҳои кишоварзӣ дар баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ» ва Арабов Фирдавс Пулодович – доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири шуъбаи кишоварзии устувор ва бехатарии озуқавории Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи «Мутобиқшавии соҳаи кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим дар самти расидан ба амнияти озуқаворӣ».
 
Дар бахши музокираҳои илмӣ намояндагони муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва коршиносони соҳа фикру андешаҳои худро оид ба самтҳои инноватсионии рушди соҳаи кишоварзӣ, идоракунии захираҳои табиӣ, татбиқи сиёсати иқтисоди сабз ва ташаккули низоми устувори кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ баён доштанд.
 
Дар хотимаи ҷаласаи пленарӣ таъкид гардид, ки рушди устувори соҳаи кишоварзӣ бо такя ба натиҷаҳои илмию инноватсионӣ, механизмҳои иқтисодии муосир, идоракунии самараноки захираҳои обу замин ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ таъмин мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *