• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ: ГУЗАРИШ БО МАҚСАДИ РУШДИ УСТУВОР

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ: ГУЗАРИШ БО МАҚСАДИ РУШДИ УСТУВОР

15 майи соли 2025 бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Конфронси байналмилалии илмию амалии “Иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим: гузариш бо мақсади рушди устувор” баргузор гардид. Ҳадафи асосии Конфронс баррасии масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва таҳияи роҳҳои амалии ҳамгироии иқтисоди сабз ба стратегияи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Кори Конфронс дар шаш бахш идома ёфта, дар натиҷа тавсияҳо ва пешниҳодҳои амалӣ оид ба ҳамгироии иқтисоди сабз ба стратегияи рушди устувор ва иқтисоди сабз, вусъат додани ҳамкориҳои дипломатӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои рушди устувор, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва тарзи ҳаёти “сабз” пешниҳод карда шуданд.

Дар доираи баргузории Конфронси мазкур гурӯҳи волонтёрон аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолона ҷалб гардида, дар тамоми марҳилаҳои омодагӣ ва гузаронидани чорабинӣ саҳми назаррас гузоштанд. Волонтёрон дар сабти ном ва роҳнамоии меҳмонон, тақсими маводҳои иттилоотӣ, танзими ҷойҳои нишаст, ҳамоҳангсозии кори иштирокчиён ва дастгирии техникии чорабинӣ саҳм гузоштанд. Онҳо ба намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо ва олимони хориҷӣ ёрии амалӣ расонида, ба сатҳи баланди ташкилӣ ва ҳамоҳангии чорабинӣ мусоидат намуданд. Дар рафти конфронс волонтёрон инчунин дар қабули суханронҳо, танзими ҷараёни бахшҳои корӣ ва иртибот байни котибот ва иштирокчиён нақши фаъол иҷро карданд.

Шомилшавии волонтёрон ба чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ барои онҳо имконияти хуби ба даст овардани таҷрибаи амалӣ дар соҳаи ташкили ҳамоишҳои илмӣ, муоширати касбӣ бо намояндагони хориҷӣ ва рушди малакаҳои масъулиятшиносӣ гардид. Иштироки фаъолонаи онҳо ба ташкили муваффақонаи Конфронс ва таҳкими имиҷи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун маркази илмии сатҳи байналмилалӣ саҳми муҳим гузошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *