• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Кормандон

Мудири шуъба

Азимова Мадина Турдиевна

Тел.: +992 909905062

E-mail:  madina.azim@mail.ru

 

 

 

Азимова Мадина Турдиевна – мудири шуъбаи рушди шуғли сабз ва маърифати экологии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Аз соли 2010 ба фаъолияти илмӣ ва таҳсилоти олӣ машғул аст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯ ба масъалаҳои таҳлили бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар асоси принсипҳои иқтисоди “сабз” равона гардида, масъалаҳое чун мувозинати байни бозори хизматрасониҳои таълимӣ ва бозори меҳнатро фаро мегиранд. Ӯ инчунин ба таҳияи тавсияҳои назариявӣ ва амалии марбут ба татбиқи консепсияҳои шуғли сабз ва маърифати экологӣ дар барномаҳои таълимӣ ва илмӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ машғул аст.

Муаллифи як қатор корҳои илмӣ мебошад, аз ҷумла монография ва мақолаҳо оид ба масъалаҳои мубрами иқтисоди сабз, рушди шуғли экологӣ ва ташвиқи маърифати экологӣ.

Дар вазифаи мудири шуъба, Азимова Мадина Турдиевна роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъбаро ба уҳда дошта, барои рушди соҳаҳои экологии устувор ва таҳкими таҷрибаҳое, ки ба беҳтарсозии сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъсиси ҷойҳои кори “сабз” ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар масъалаҳои маърифати экологӣ равона шудаанд, саҳм мегузорад.


Ходими пешбари илмӣ

Ҷурахонзода Саодат 

Тел.: +992 9907 98 69 13

E-mail:  s.mutieva@mail.ru

 

 

 

Ҷурахонзода Саодат – ходими пешбари илмии шуъбаи  рушди шуғли сабз ва маърифати экологии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Аз соли 2000 инҷониб дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ фаъолият мекунад. Дар тӯли фаъолияти худ дар зинаҳои гуногуни илмӣ ва маъмурӣ таҷрибаи васеъ ба даст оварда, саҳми назаррас дар рушди таҳқиқоти илмии кишвар гузоштааст. Аз соли 2020 то ба имрӯз дар мансаби муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд. Дар ин вазифа ба таҳлили масоили муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, инчунин ҳамоҳангсозии корҳои таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ машғул мебошанд.

Муаллифи як қатор корҳои илмӣ, аз ҷумла монография ва мақолаҳои бахшида ба масъалаҳои мубрами иқтисоди сабз, рушди шуғли экологӣ ва ташвиқи маърифати экологӣ мебошад.

Дар вазифаи ходими пешбари илмӣ Ҷурахонзода Саодат ба роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъба машғул буда, саҳми фаъолона дар таҳияи сиёсат ва тадбирҳое гузоштааст, ки ба рушди соҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ устувор равона шудаанд. Фаъолияти ӯ, пеш аз ҳама, ба таҳлил ва мусоидат дар баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъсиси ҷойҳои кории “сабз”, таҳкими маърифати экологӣ ва боло бурдани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба масъалаҳои муҳити зист нигаронида шудааст.