Кормандон
Мудири шуъба
Раҳмонзода Муҳаммад
✉ m.rahmonzoda0102@gmail.com
Раҳмонзода Муҳаммад – мудири Шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.
Дар давраи фаъолияти касбӣ вазифаҳои масъулиятнокро дар сохторҳои таълимии ҷумҳурӣ иҷро намуда, таҷрибаи назаррас дар самти идоракунии кадрҳо, хизматрасонии ҳуқуқӣ ва танзими ҳуҷҷатгузории ташкилотӣ ба даст овардааст.
Марҳилаҳои фаъолияти касбӣ:
- 2020-2021 – ҳуқуқшинос дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе»;
- 09.2021-22.12.2021 – сардори Шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонии ҳамон муассиса;
- 2024-2025 – сардори Шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонии Муассисаи давлатии «Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С. Юсупова» дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон;
- аз 23.01.2025 то инҷониб – мудири Шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз.
Раҳмонзода Муҳаммад дар доираи фаъолияти касбии худ ҷиҳати рушди низоми идоракунии захираҳои инсонӣ, ташаккул ва таҳкими муҳити мусоиди ҳуқуқӣ, инчунин таъмини риояи қатъии меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, маориф ва идоракунии давлатӣ саҳми назаррас мегузорад. Ӯ дар ин самт бо пешниҳоди ташаббусҳо ва роҳандозии чорабиниҳои муассир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва рушди институт фаъолона иштирок менамояд.

Сармутахассиси шуъба
Ҷураева Нуқра Неъматовна
Ҷураева Нуқра Неъматовна – Сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.
Дар давраи фаъолияти касбӣ вазифаҳои масъулиятнокро дар сохторҳои таълимии ҷумҳурӣ иҷро намуда, таҷрибаи назаррас ба даст овардааст.
Марҳилаҳои касбӣ:
- 09.2024 – 20.12.2024 – мутасаддии омузишгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
- 12.2024 – 31.12.2025 – ҳуҷҷатгузори кафедра дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон.
- Аз 02.01.2026 то инҷониб Сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии институти илмию тадқиқиотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият дорад.
