Кормандон

Мудири шуъба
Изатуллозода Рамазон Хайрулло
✉ ramazon_kh@mail.ru, izatullozoda1997@gmail.com
Рамазон Изатуллозода – мудири шуъбаи тадқиқоти муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Дар соҳаи маориф, илму тадқиқот ва таҳсилоти олии касбӣ аз соли 2021 ба фаъолият оғоз намудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию тадқиқотии Рамазон Изатуллозода масъалаҳои мубрами экологӣ, муносибат бо партовҳои сахт ва коркарди такрории партовҳоро дар бар мегирад.
Дар давоми фаъолияти таълимю тадқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёд аз 50 корҳои илмӣ, таълими ва методӣ, аз ҷумла: 1 китоби дарсӣ, 1 дастури таълимӣ ва 38 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-омавӣ (аз ин миқдор 19 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда), як нахустпатент ва 2 санади татбиқи натиҷаҳои илмӣ ба даст оварда шудааст.

Сарходими илмӣ шуъба
Ҳамид Маҷидов
Ҳамид Маҷидов – сарходими илмӣ шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи Байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.
Дар давраи фаъолияти касбиаш вазифаашроба пуррагӣ иҷро менамояд.
Марҳилаи фаъолияти касбӣ:
1966-1967 Лаборанти калони кафедраи физикаи умумии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;
1967-1993 дар вазифаи ассистент, муаллими калон, и.в. дотсент ва мудири кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
1993-2022 дар вазифаи мудири кафедра, проректор оид таълиму тарбия, проректор оид ба илм, декани факултети “Тиҷорат ва гумрук” Сардори департаменти таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
2022-2025 – профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон;
Аз ноябри соли 2024 сарходими илмию тадқиқотии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи Байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Ҳамид Мачидов академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Россия Академияи Байналхалқиимактабҳои олӣ, Академияи байналхалқии муҳандисӣ Тоҷикистон мебошад.
Таҳти роҳбарии профессор Ҳамид Маҷид аз 25 номзадҳои илм тайер карда шудааст.
Профессор Ҳамид Маҷидов ҳамеша вазифаҳоро сарбаландона дар самтҳи баланди илмию эҷодӣ иҷро менамояд.

Ходими пешбари илмӣ
Алиева Лола Зуҳурбековна
✉ lolaalieva101195@mail.ru
Лола Алиева – ходими пешбари илмии шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ. Алиева Лола Зухурбековна соли таваллудаш 1995. Соли 2017 факултети илмoҳои табиатшиносии Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ)-ро бо ихтисоси кимиё бо дипломи аъло хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба магистратураи Муассисаи давлатии илмии «Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Тоҷикистон» бо ихтисоси «Кимияи физикӣ» дохил шуда, онро соли 2019 бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2019 ба ҳайси унвонҷӯ дар «Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМАИ Тоҷикистон» шомил гаштааст ва 5-уми январи соли 2023 рисолаи номзадии худро бо муваффақият дифоъ намудааст.
Аз соли 2017 инҷониб, дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ фаъолият дорад, ки ин ба вай имконият медиҳад, ки таҷрибаи васеъ ва муфид дар таҳия ва татбиқи барномаҳои химиявӣ, техники, иқтисодӣ ва экологӣ ба даст орам. Вай ба масъалаҳои устуворӣ ва навоварӣ таваҷҷуҳи махсус дорам, ки ин ду ҷанбаи муҳим дар рушди устувор ва инноватсионӣ мебошанд.
Алиева Л.З. муаллифи 43 мақолаҳои илмии чопшуда, аз ҷумла 15 мақола дар маҷаллаҳои аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия тавсияшуда ва 24 мақола дар маводи конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад. Вай инчунин 4 патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтааст.
Ходими калони илмии шуъба
Хоҷазода Ҷамшед Файзулло
✉ jamshed.khojazoda@mail.ru
Хоҷазода Ҷамшед Файзулло – Ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти муҳити зист ва идоракунии захираҳои табии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.
Хоҷазода Ҷамшед Файзулло аз соли 2013 ба фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва касбӣ машғул буда, дар ин давра дар самтҳои экология, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ таҷрибаи назарраси илмӣ-тадқиқотӣ ва касбӣ ба даст овардааст. Фаъолияти илмии ӯ ба омӯзиши қонуниятҳои фаъолияти низомҳои экологӣ, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи устувори захираҳои табиӣ, идоракунии экосистемаҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз равона гардидааст.
Дар натиҷаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ то имрӯз 14 мақолаи илмӣ, аз ин шумора 8 мақола дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, ба нашр расонида шудааст.
Дар баробари фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, Хоҷазода Ҷамшед Файзулло дар соҳаи маориф ва идоракунии муассисаҳои таълимӣ низ таҷрибаи назаррас дорад. Дар давраи фаъолияти касбии худ вазифаҳои омӯзгорӣ, методӣ, ташкилӣ ва роҳбарикунандаро иҷро намуда, саҳм гузоштааст.
