• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Кормандон

Мудири шуъба

Доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Арабов Фирдавс Пулодович

✉ firdavs300@mail.ru

Арабов Фирдавс Пулодович – мудири шуъбаи кишоварзии устувор ва амнияти озуқавории Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Аз соли 2013 ба фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва машғул мебошад. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти номбурда 53 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст. Аз онҳо 23 мақола дар маҷаллаҳои аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда 6 мақола дар маҷалаҳо ва нашрияҳои илмие, ки дар пойгоҳи додаҳои байналмилалии иқтибосӣ-таҳлилии Scopus ва Web of Science, 24 мақола дар маҷалла ва конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 2 монография чоп карда шудааст.

Инчунин, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, ИМА, инчунин, дар як қатор мамлакатҳои Аврупо ба табъ расидааст.

Муҳтавои мақолаҳои нашршуда, ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар самти ҷалби сармоягузории хориҷӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ба мақсади содироти он, рушди усувори истифодаи об, беҳдошти замин, ҳифзи муҳити зист, истеҳсоли энергияи сабз ва санотикунонии босуръати мумлакат ҳамоҳанг мебошанд.


Ходими пешбари илмӣ

Одинаев Фаридун Шаҳобиддинович

✉ kandako@bk.ru

Одинаев Фаридун Шаҳобиддинович –  номзади илмҳои ветеринарӣ, дотсент, ходими пешбари илмии шуъбаи кишоварзии устувор ва амнияти озуқавории Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 1997 ба фаъолияти илмӣ ва  таълимӣ машғул буда дар ин давр зиёда аз 20  мақолаи илмӣ ба нашр расонидааст.

Марҳилаҳои  фаъолияти касбӣ:

  • 1997- 2000 -дотсенти кафедраи ветеринарӣ ва зоогигиенаи   Академияи хољагии ќишлоќи Ижевск, ш. Ижевски Русия,
  • 2010-2018 – дотсенти кафедраи «Экспертизаи молњо ва фаъолияти гумрук»-и Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон,
  • 2018-2020-мутахассис оид ба сифати таълими Шуъбаи идоракунии сифати таълим дар ДДТТ,
  • 2021-2022-дотсенти кафедраи ҷарроҳӣ ва табобатии факултети тибби ветеринарии ДАТ ба номи  Ш. Шоҳтемур,
  • 2023-2024-дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ ДДТТ,

   Аз 01.09.2026 то инҷониб  ходими пешбари илмии шуъбаи кишоварзии устувор ва амнияти озуқавории Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.

   Дар ҳоли ҳозир дар таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии озуқаворӣ тавассути ҷорӣ намудани усулҳои муосир ва инноватсионии истеҳсолот, ҳифзи захираҳои табиӣ, назорати сифат ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти солим ва безарар фаъолит карда истодааст.


Ходими калони илмии шуъба

Насруллоев Иноятулло Хуҷаевич 

✉ inoyatullo2015@gmail.com

Насруллоев Иноятулло Хуҷаевич – ходими калони илмии шуъбаи кишоварзии устувор ва амнияти озуқавории Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои ветеринарӣ.

   Аз соли 2013 ба фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва машғул мебошад. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот 27 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст. Аз онҳо 15 мақола дар маҷаллаҳои аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда, 2 мақола дар маҷалаҳо ва нашрияҳои илмие, ки дар пойгоҳи додаҳои байналмилалии иқтибосӣ-таҳлилии Scopus ва Web of Science, 6 мақола дар маҷалла ва конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ,1 патент, 1 монография ва 3 дастурамал чоп карда шудааст.

   Инчунин, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҳиндустон  ба табъ расидааст.

   Муҳтавои мақолаҳои нашршуда, ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти озуқаворӣ, Созмони умумиҷаҳонии солимии ҳайвонот ва бехатарии маҳсулоти кишоваарзии  мамлакат ҳамоҳанг мебошанд.

  • 2013-2015 ходими илмии озмоишгоҳи вабои сумдард, Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ
  • 2015-2018 мутахассиси пешбари шуъбаи байторию беҳдоштии Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии ҶТ
  • 2018-2023 ходими калони илмии озмоишгоҳи пешгирии вабои сумдард ва сафедхунии чорво,  Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ
  • 2025-2026 мудири шуъбаи истеҳсоли маводи ветеринарӣ ва биотехнологияи Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ

   Аз моҳи сентябри соли 2026 то ҳоло ходими калони илмии шуъбаи кишоварзии устувор ва амнияти озуқавории Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошам.

   Дар ҳоли ҳозир дар таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии озуқаворӣ тавассути ҷорӣ намудани усулҳои муосир ва инноватсионии истеҳсолот, ҳифзи захираҳои табиӣ, назорати сифат ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти солим ва безарар фаъолият карда истодааст.