Маълумот дар бораи шуъба
Миссия ва дидгоҳи стратегӣ
Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди устувор, амнияти иқлимӣ ва дипломатияи экологӣ таъсис ёфтааст. Мо барои ташаккули фазои муосири илмӣ ва коршиносӣ талош меварзем, ки дар он тадқиқоти сатҳи баланд, омӯзиш ва ҳамкории байналмилалӣ заминаи устувор барои рушди рӯзномаи сабз дар миқёси миллӣ ва ҷаҳонӣ фароҳам оранд.
Шуъба ҳамчун як платформаи илмӣ ва таҳлилӣ амал мекунад, ки мутахассисонро аз соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, экология, рушди устувор, ҳуқуқи байналмилалӣ ва дипломатия, инчунин муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни фаъолро, ки ба ташаббусҳои глобалии муосир таваҷҷуҳ доранд муттаҳид месозад.
Самтҳои асосии фаъолият:
- гузаронидани тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар самти равандҳои байналмилалии экологӣ, дипломатияи сабз ва сиёсати иқлимӣ;
- таҳияи тавсияҳои илмии асоснок барои ворид намудани масъалаҳои экологӣ ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мониторинг ва таҳлили ташаббусҳо, созишномаҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист;
- рушди ҳамкории илмӣ ва академӣ бо донишгоҳҳо, марказҳои тадқиқотӣ ва ташкилотҳои байналмилалии пешсаф;
- ташкили чорабиниҳои илмии байналмилалӣ ва миллӣ: конфронсҳо, форумҳо, мизҳои мудаввар ва мактабҳои дипломатияи сабз;
- омодасозӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои байналмилалӣ, ки ба рушди устувор, мутобиқшавии иқлимӣ ва маорифи экологӣ нигаронида шудаанд;
- ҷорӣ намудани унсурҳои экологии замонавӣ ба барномаҳои таълимӣ ва илмии донишгоҳ.
Мавзӯъҳои афзалиятноки тадқиқот ва лоиҳаҳо:
- Ҳамкории Тоҷикистон дар ташаббусҳои ҷаҳонии экологӣ (Созишномаи Париж, Рӯзномаи-2030, Ҳадафҳои рушди устувор ва ғайра);
- Дипломатияи сабз ҳамчун воситаи рушди устувор;
- Ҳуқуқи байналмилалии экологӣ ва созишномаҳои бисёрҷониба;
- Ҷанбаҳои сиёсати хориҷӣ дар масъалаи тағйирёбии иқлим;
- Нақши Осиёи Марказӣ дар рӯзномаи ҷаҳонии экологӣ;
- Ҳамкории байналмилалӣ оид ба захираҳои об ва идоракунии фаромарзии манбаъҳои табиӣ.
Ҳамкории байналмилалӣ:
Шуъба фаъолона ҳамкориҳои шарикӣ бо ниҳодҳои зеринро инкишоф медиҳад:
- Донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии байналмилалии пешқадам;
- Сохторҳои СММ, аз ҷумла БРСММ (UNDP);
- Ташаббусҳои минтақавӣ дар соҳаи иқлим ва рушди устувор;
- Сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон.
Мо ба он таваҷҷӯҳ дорем, ки миёни ҷомеаи илмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ «пулҳои сабз» бунёд намоем, то дар ҳамгироии талошҳо барои пешбурди ғояҳо ва арзишҳои рушди устувор саҳми муассир гузорем.
Ҳадафҳо:
- ташаккули насли нави коршиносон ва дипломатҳои соҳавӣ дар бахши рушди устувор;
- қавӣ намудани саҳми илмӣ-амалии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати байналмилалии экологӣ;
- бунёди як мактаби устувори илмӣ дар донишгоҳ дар самти муносибатҳои байналмилалии экологӣ;
- тарғиби мафҳуми “донишгоҳи сабз” тавассути таҷрибаи байналмилалӣ ва беҳтарин намунаҳои ҷаҳонӣ.
Маълумот барои тамос:
