Кормандон
Мудири шуъба
Алимова Муборак Алимҷоновна
✉ malimova2084@gmail.com
Алимова Муборак Алимҷоновна – мудири Шуъбаи рушди устувори соҳаи хизматрасонии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.
Муборак Алимҷоновна таҳсилоти худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тавассути Квотаи Президентӣ, ки барои дастгирии духтарон аз минтақаҳои дурдаст пешбинӣ шудааст, бо дипломи аъло ба анҷом расонидааст.
Фаъолияти илмӣ ва касбии ӯ ба тадқиқи масъалаҳои рушди устувори бахшҳои хизматрасонӣ, иқтисоди сабз ва таҳияи стратегияҳои идоракунии инноватсионӣ равона шудааст. Аз соли 2007 инҷониб дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ фаъолият дошта, таҷрибаи васеъ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои иқтисодиву экологӣ бо нигариш ба устуворӣ ва навоварӣ дорад.
Муборак Алимова ғолиби барномаи Erasmus+ мебошад ва таҷрибаомӯзиҳоро дар кишварҳои Ҷопон, Ҳиндустон, Чехия ва Испания паси сар намудааст. Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо марказҳо ва муассисаҳои пешрафтаи илмӣ-тадқиқотӣ ҳамкорӣ дошта, дар таҳияи стратегияҳои рушди сабз ва татбиқи технологияҳои устувор саҳми назаррас мегузорад.
Муаллифи як қатор тадқиқотҳои бонуфуз ва мақолаҳои илмӣ, иштирокчии конфронсҳои байналмилалӣ ва коршиноси масоили марбут ба рушди устувор, иқтисоди сабз ва инноватсияҳо дар бахши хизматрасонӣ мебошад.

Ходими илмии Шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасони
Замонова Садолат Арчаевна
✉ sadolatzamonova@gmail.com
Замонова Садолат Арчаевна – ходими илмии шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасони Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон.
Дар соҳаи маориф, илму тадқиқот ва таҳсилоти олии касбӣ аз соли 2020 ба фаъолият оғоз намудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию тадқиқотии Замонова Садолат Арчаевна “Арзёбии иқтисодӣ географии иқтидорҳои сайёҳи рекреатсионии минтақаи Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар бар мегирад. Дар давоми фаъолияти таълимию тадқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 16 корҳои илмӣ, таълими ва методӣ нашр карда шудааст (аз ин миқдор 1 мақола дар маҷаллаҳои аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон). Инчунин, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 мақола ба нашр расонида шуд.
