
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН
Бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 08.09.2025 мизи мудаввар дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори Тоҷикистон” бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мизи мудаввари мазкур намояндаи раёсати Донишгоҳ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, н.и.и.,дотсент Исломбек Зоирзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахонзода Саодат Ҷурахон, ҳамчунин роҳбарияту кормандони Донишгоҳ ва Институт ва донишҷӯёни фаъол иштирок доштанд.
Мизи мудавварро директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз профессор Фарҳод Шарофзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлол дар муддати 34 соли пуршараф барои давлату миллати тоҷикон суханронӣ намуд. Сипас муовини ректори Донишгоҳи сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Исломбек Зоирзода аз номи раёсати Донишгоҳ иштирокчиёни мизи мудавварро бо ҷашни пурифтихори Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Мувофиқи барномаи мизи мудаввар маърузаҳои зерин шунида шуданд: маърӯзаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахонзода Саодат Ҷурахон дар мавзуи “Дастовардҳои ҳадафҳои стратегӣ дар давраи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон”; маърӯзаи котиби илмии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз Ҳабибова Сабоҳат Сафиувлоевна дар мавзуи “Истиқлоли давлатӣ – заминаи пойдори рушди устувор ва иқтисоди сабз”; маърӯзаи мудири шуъбаи рушди шуғли сабз ва маърифати экологӣ Азимова Мадина Турдиевна дар мавзуи “Рушди бозори меҳнат дар замони истиқлоли миллӣ”; маърузаи мудири шуъбаи таҳқиқоти саноати сабз ва иқтисоди даврагӣ Ҷаборова Мадина Ҷумаевна дар мавзуи “Рушди саноати миллӣ дар давраи истиқлоли давлатӣ”; маърӯзаи мудири шуъбаи таҳқиқоти муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиӣ Алиева Лола Зуҳурбековна дар мавзуи “Тоҷикистони сабз: 34 соли истиқлол ва ҳифзи муҳити зист”; маърӯзаи мудири шуъбаи рушди устувори соҳаҳои хизматрасонӣ Алимова Муборак Алимҷоновна дар мавзуи “Рушди устувори соҳаҳои хизматрасонӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва маърӯзаи мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз Маҷидӣ Умедҷон Қудратулло дар мавзуи “Муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар замони истиқлолият”.
Дар хотимаи мизи мудаввар иштирокчиён фикру андешаҳои хешро вобаста ба маърӯзаҳои баррасишуда иброз намуданд.
