
ЗАНОН – МУБОРИЗОНИ РОҲИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гоҳе дар бораи барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд, ҳамеша бо муҳаббати хосса изҳор медоранд, ки яке аз сабабҳои зуд муваффақ шудани Ҳукумат ба музаффариятҳо маҳз дастгириву кӯмаки занону духтарон ба ҳисоб меравад.Аз ин ҷост, ки ба нақш ва мавқеи муҳими бонувон дар роҳи ба даст овардани ваҳдат ва сулҳу оромии ҷомеа баҳои баланд медиҳанд.
Ин нуктаро дар арафаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, ҳангоми иштирокашон дар Анҷумани иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ, ки дар таърихи 26-уми апрели соли 1997 баргузор шуда буд, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мисолҳои мушаххас чунин ифода карда буданд: «Дар лаҳзаҳои сӯзони муқовимат занони тоҷик бе тарсу ҳарос байни тарафҳои даргир даромада, бо панду насиҳат ва суханони пурмеҳру самимӣ оташи ҷаҳлу ғазабро хомӯш менамуданд. Аз оғози гуфтушунидҳо бо мухолифин ҳарчанд ин мулоқотҳо фарсахҳо дур аз сарзаминамон доир мешуданд, занони тоҷик бо муроҷиатнома, мактуб ва барқияҳои худ иштирокчиёни музокиротро ба ҳамдигарфаҳмӣ, созиш, гузашт ва муросо даъват менамуданд».
Муқовимати сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон он солҳо дар ҳақиқат он қадар сахту бераҳмона буд, ки занону модаронро ҳам бтараф нагузошт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр кардаанд, ки вақти ташкили Ҳукумат на ҳама ҷуръати кор кардан ва на ҳама ба умри тулонии Ҳукумат бовар дошт.Омор нишон медиҳад, ки маҳз дар он давра Ҳукумат шумораи зиёди бонувонро ба кори роҳбарӣ ҷалб намуд.Аз ҷумла, Гулафзо Савриддинова, Адолат Раҳмонова, Мунира Иноятова, Зууракан Давлаталиева, Бозгул Додхудоева, Адолат Узоқова ва дигарон масъулиятҳои муҳими давлатиро дар ҳамин давра иҷро кардаанд.
Маҳз дар ҳамин давра тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои Тоҷикистон Шурои машваратии занон барқарор гардид ва зимни вохӯриҳо бо занону модарону духтарон масъалаҳои муҳими замонро баррасӣ кардаанд, ба занон роҳҳои пуртаъсири пешгирӣ аз ҷангу хушунатро омӯзонданд.Ба воситаи ин Шуро занҳои машҳури кишвар чу Энаҷон Бойматова, Зулайхо Қаландарова, Суфро Боқиева, ки дар байни халқ маҳбубияти зиёд доштанд, маҳфилҳо ташкил намуда, мардумро ба дастгирии Ҳукумати нав даъвату таблиғ мекарданд.
Як паҳлуи дигари саҳмгузории занону модарон дар барқарориву таҳкими сулҳу ваҳдат ва оромии Тоҷикистон иштироки онҳо дар барномаи машҳури “Хоки Ватан”-и Радиои Тоҷикистон аст. Маҳз суханҳои дилсӯзонаву меҳрбор, рубоиву дубайтиҳои эҷодкардаи онҳо барои бозгашти ҳамватанони зиёди гуреза аз Афғонистон ва кишварҳои дигар мусоидат намуд.Аз ҳамин лиҳоз, саҳми занону модарон дар ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати комили миллӣ арзандаи тавсиф аст.
Воқеан ҳам, пойдории сулҳу субот, оромии ҷомеа ба иродаи мустаҳкам, дилу нияти пок, хираду заковат ва заҳматҳои пайвастаи занону модарон вобаста буда, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи марзу буми Ватани ободу осуда вазифаи ҷонӣ ва муқаддаси занону модарони сулҳхоҳу сулҳпарвари тоҷик аст.
Ҳабибова С.С., котиби илмии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз, н.и.и, и.в дотсент
