
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: ОМИЛИ АСОСӢ БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан буда, инкоркунандаи ҷангу низоъ ва нооромию душманист. Ваҳдат дар ҷомеа бисёре аз хислатҳои манфии инсонӣ кинаю адоват, бадбинӣ, душманӣ, бадхоҳӣ, ҷангу низоъ, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва қашоқию дилшикастагиро аз байн мебарад, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз зебову назаррабо гардида, аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад.
Сулҳу ваҳдат ибораҳое мебошанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-таҷассумгари оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагии мардум мебошад.
Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан ва ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст буданро ифода менамояд. Ваҳдат-беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон ба шумор меравад.
Аз ин љост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти маҳбуби кишварамон ба маврид қайд намудаанд, ки “яроқи ҳастайии мо дар Ваҳдат ва сарљамъии миллат аст”.
Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Дар ҳақиқат, ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳори рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ то рафт меафзояд.
Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин ҷашни фархунда амсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Воқеан, иттиҳоди миллӣ, яъне ваҳдат ва сулҳу амонӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошанд, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз онҳо ибтидо мегиранд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати фарзанди фарзонаи ин диёр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандонаи Пешвои миллат самари некро ба бор овард. Ниҳоят, тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27- июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд.
Ҳамон гунае, ки дар хотир дорем, дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани он ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пеши рӯйи таърихи навини мо қарор гирифта буд. Хушбахтона, мардуми мо сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида, баъди музокироти сангину тӯлонии зиёда аз чорсола оқибат бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоити миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро барқарор кард, ки имрӯз аз он айём 28 сол сипарӣ мегардад.
Бинобар ин, мо наслҳои даврони истиқлолро мебояд, ки фарзандону хонаводаҳои худро дар руҳияи садоқатмандӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем, ки Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани Ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осуда зиндагӣ менамояд.
Дар воқеъ, ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида истодаанд. Аз ҷумла, мо кормандони ҷавонон, насли хушбахттарини ҷаҳонем, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ меболем.
Мо ҷавонон бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст, ки ин далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии миллати мост ва мо ҷавонон инро бояд омӯзем, дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намоем.
Ояндаи ҷомеа ва ҳаёти давлатдорию давлатсозӣ, ки дар дасти ҷавонон аст, бояд хуб дарк кунанд. Таърихи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гӯвоҳи он аст, ки мо бо сабабҳои субъективию объективӣ дар фосилаи муайяни вақт аз ягонагӣ даст кашидем ва ба гурӯҳҳо ҷудо гардидем. Ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо гардидани аҳолии мамлакат бадбахтии гаронеро ба сарамон овард, ки ба хуну рӯҳ, тану ҷисм, хотираю таърих, сарвату боигарӣ, забону фарҳанг ва ба тамоми сириштамон неши ҷонкоҳ зад. Ҷудоии мо миллатро заиф сохт, муҳтоҷи кӯмаки дигарон кард, модаронамонро аз фарзандони ҷавони худ маҳрум сохт, хонаамонро хароб, дӯстону наздикон ва ҳамватанонамонро гуреза сохт ва наздик буд, ки бо тамоми ҳастиямон моро маҳв созад. Аммо вақте бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҳам омадем, ба Ваҳдат расидем, сулҳ бастем пуриқтидор ва бузург шудем.
Хулоса, мо ҷавонон, бояд дар сатри аввали хотираи худ ҷой диҳем, ки ҳануз дар сароғози бунёди давлатдории миллии худ қарор дорем ва ҳадафи асосии мо бунёди давлати тараққикардаи миллӣ мебошад. Миллати кӯҳанбунёди мо дар тули ҳазорсолаи бедавлатӣ орзуҳои зиёдеро дар дил парвариш намудааст, ки имрӯз вақти амалӣ намудани онҳо фаро расидааст. Амалӣ намудани ин ҳама орзуҳо дар ҷодаи давлатдорию давлатсозӣ ба души мо ҷавонон вогузор мебошад, ки ин кори бениҳоят пурифтихор ва пуршараф аст. Аммо ҳамаи орзуҳои мо танҳо дар фазои сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ амалӣ карда мешаванд. Мо бояд миллати сарбаланди худро ҳатман ба орзуҳояш расонем ва руҳи гузаштагони худро шод гардонему заҳмати кашидаи онҳоро қадр намоем. Дар ин ҷода ғояи ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати пешрафтаи миллӣ ду сарчашмаи асосии идомаи ташаббусҳои ватансозию ватандории мо мебошанд:
Муҳаммадфариди Ҷамшед – мудири шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
