Кормандон
Мудири шуъба
Ҷаборова Мадина Ҷумаевна
Тел.: +992 918221414
E-mail: madina_jaborova77@mail.ru
Ҷаборова Мадина Ҷумаевна – мудири шуъбаи тадқиқоти саноати сабз ва иқтисоди даврагӣ Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.
Мадина Ҷумаевна таҳсилоти худро дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, факултети иқтисод ба анҷом расонидааст. Дар соли 2023 кори диссертатсиониро дар мавзўи “Организационно-экономический механизм повышения эффективности производственных систем алюминиевой промышленности” (на материалах Республики Таджикистан).
Фаъолияти илмӣ ва касбии ӯ ба тадқиқи масъалаҳои ташкили истеҳсолот дар соҳаи саноат, истеҳсолоти боэҳтиёт, саноати сабз, иҷтисоди даврӣ равона шудааст. Аз соли 2005 инҷониб дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ фаъолият дошта, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои иқтисодиву экологӣ такя ба рушди устувор ва навоварӣ дорад.
Мадина Ҷаборова дар Лоиҳаи Идораи молияи давлатӣ PFMP LOT:1 ба ҳайси ҳамоҳангсоз доир ба корҳои илмӣ ва таҷрибаомӯзиро дар кишвари Фаронса паси сар намудааст. Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо марказҳо ва муассисаҳои пешрафтаи илмӣ-тадқиқотӣ ҳамкорӣ дошта, дар таҳияи стратегияҳои рушди сабз ва татбиқи технологияҳои устувор саҳми назаррас мегузорад.
Муаллифи як қатор тадқиқотҳои бонуфуз ва мақолаҳои илмӣ, иштирокчии конфронсҳои байналмилалӣ ва коршиноси масоили марбут ба рушди устувор, иқтисоди сабз, саноати сабз ва инноватсияҳо дар самти ташкили истеҳсолот, коркарди партовҳо мебошад.
Ходими пешбари илмӣ
Ҳабибов Абдураҳмон Ҳакимбоевич
Тел.: +992 901 08 01 44
e-mail: habibov@bk.ru, rushdiustuvor@gmail.com
Абдураҳмон Ҳабибов – ходими пешбари илмии шуъбаи саноати сабз ва иқтисоди даврагии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Аз соли 2004 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ рушди инноватсионии саноати хӯрокворӣ, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди устуворро дар бар мегирад.
Таҳти роҳбарии Абдураҳмон Ҳабибов 5 рисолаи магистрӣ ва зиёда аз 100 рисолаи бакалаврӣ ва мутахассис бомуваффақият ҳимоя шудаанд. Муаллифи 2 монография, 6 дастури таълимӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ дар соҳаҳои рушди инноватсионии саноати хӯрокворӣ, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, иқтисоди рақамӣ ва таҳсилоти олӣ мебошад.
Фаъолияти ӯ дар соҳаи илм ва маориф инчунин дар иштирокаш дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ инъикос меёбад. Абдураҳмон Ҳабибов ҳамчун коршинос дар амалӣ намудани 2 лоиҳаи байналмилалӣ ширкат варзидааст ва дар донишгоҳҳои Гимарайнш (Португалия), Бухарест (Руминия), Москва, Магнитогорск (Россия), Алма-Ато (Қазоқистон) ва ғ. такмили маҳорат анҷом додааст.
Барои хизматҳояш, Абдураҳмон Ҳабибов бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2023), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020) сарфароз шудааст.
Рӯихати корҳои илмӣ – https://www.elibrary.ru/author_items.asp?authorid=875963
