• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Муовини якум, муовини директор оид ба илм ва инноватсия

Арабов Фирдавс Пулодович

Тел: ✆ (+992) 918 72 28 29

Email: ✉  firdavs300@mail.ru, pulodzoda.fp@gmail.com

Арабов Фирдавс Пулодович – муовини якум ва муовини директор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор мебошад. Фирдавс Пулодович ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи иқтисод фаъолияти худро ба масъалаҳои рушди устувори соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ бахшидааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии ӯ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, инчунин дар як қатор кишварҳои Аврупо ба табъ расидаанд.

Самтҳои таҳқиқоти профессор Фирдавс Пулодович ба Ҳадафҳои рушди устувор бахшида шудаанд, аз ҷумла: беҳтар намудани вазъи экологӣ-иқтисодии соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ; идоракунии экологӣ-иқтисодии захираҳои об дар заминаи рушди устувор; беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои кишоварзӣ; такмили механизмҳои ҷалби сармоягузорӣ ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ; рақамикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ бо истифода аз платформаҳои зеҳни сунъӣ; истифодаи самараноки экологӣ-иқтисодии захираҳои замин ва об дар соҳаи кишоварзӣ; ҳифзи экосистемаҳои табиӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор.

Аз соли 2013 ба фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва машғул мебошад. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқотӣ Фирдавс Пулодович 65 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст. Аз онҳо 27 мақола дар маҷаллаҳои аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда 8 мақола дар маҷалаҳо ва нашрияҳои илмие, ки дар пойгоҳи додаҳои байналмилалии иқтибосӣ-таҳлилии Scopus ва Web of Science, 28 мақола дар маҷалла ва конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 2 монография чоп карда шудааст.

Ҳамчун муовини якуми директор ва ҳамоҳангсози самти илмию инноватсионӣ, профессор Фирдавс Пулодович роҳбарии стратегии фаъолияти илмӣ ва таҳлилии Институтро ба уҳда дорад. Ба доираи вазифаҳои ӯ дохил мешаванд:

– банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии самтҳои афзалиятноки илмӣ ва таҳқиқотии Институт мутобиқи стратегияҳои миллӣ ва рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор;

– рушд ва татбиқи рӯзномаи инноватсионӣ ва таълимӣ дар доираи консепсияи «иқтисоди сабз», аз ҷумла татбиқи усулҳои муосири илмӣ, тадқиқоти байнисоҳавӣ ва навовариҳои экологӣ;

– дастгирии илмӣ-методӣ барои барномаҳои магистратура ва PhD, таъмини сифати омодасозии кадрҳои илмӣ ва мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ;

– роҳбарӣ ба лоиҳаҳо ва ташаббусҳои илмӣ дар самтҳои калидӣ, аз қабили дипломатияи сабз, устувории иқлимӣ, ҳамкории фаромарзӣ ва амнияти экологӣ;

– намояндагии Институт дар форумҳо, конфронсҳо ва минбарҳои байналмилалии илмӣ, иштирок дар муколамаҳои байниидоравӣ ва байнидавлатии илмӣ;

– иштирок дар ташаккули сиёсати илмию кадрӣ, рушди мактабҳои илмӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ва пешбурди табодули академӣ.

Салоҳиятҳои касбӣ, нуфузи баланди илмӣ ва робитаҳои густурдаи байналмилалии профессор Фирдавс Пулодович омили муҳимми таҳкими иқтидори институтсионалии Институт буда, ба баланд бардоштани мақоми он ҳамчун маркази пешбари илмӣ-таҳлилӣ ва коршиносӣ дар самтҳои рушди устувор, иқтисоди сабз ва амнияти озуқаворӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон, Арабов Фирдавс  Пулодович барои корҳои анҷомдодааш дар соҳаи фарҳанг ва маорифи мамлакат аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон соли 2020 бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2022 бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Рӯихати корҳои илмӣ:

1. https://www.elibrary.ru/author_items.asp?authorid=932513

2. https://orcid.org/0000-0001-6419-5204

3. https://www.scopus.com/authid/detail.uri?authorId=57300360600