Шомилшавӣ ба клуб
Мӯҳтарам донишҷӯён!
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон корҳои фаъолонаро дар самти тадқиқот ва рушди принсипҳои иқтисодиёти сабз дар дохил ва хориҷи кишвар пеш мебарад. Мо бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, маълумотнокии донишҷӯён оид ба рушди устувор ва масъалаҳои иқтисоди “сабз” волонтёронро меҷӯем, ки мехоҳанд саҳми худро дар иҷрои лоиҳаҳо ва корҳои тадқиқотии мо гузоранд.
Манфиатҳои Шумо аз ҳамроҳ шудан ба фаъолияти волонтёрӣ:
Маълумот оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, стратегияи рушди устувор ва иқтисоди сабз;
Иштирок дар чорабиниҳои баргузоршаванда (мизҳои мудаввар, ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ ва конференсияву форумҳо);
Соҳиб шудан ба холҳои иловагӣ аз ҷониби омӯзгорон дар рафти ҷамъбасти рейтингҳо ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ;
Имкони воқеъии ҳамроҳ шудан ба лоиҳаҳо;
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ;
Имкони сафар ба хориҷа;
Соҳибият ба сертификат ва тавсиянома барои ҷойгиршавӣ ба кор дар оянда.
Таъминот бо нақлиёт ва ғизо дар ҷорабиниҳои берун аз шаҳр;
Таъмин шудан бо сару либоси волонтерӣ
Талабот ба номзадҳо:
Доштани таваҷҷуҳ ва маълумот ба масъалаҳои иқтисоди “сабз” ва рушди устувор
Масъулиятшиносӣ ва хоҳиши омӯзиш;
Муоширатпазирӣ ва кор дар гурӯҳ;
Донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ)
Омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва иттилоотӣ
Омода будан ба сафари чорабиниҳои берун аз шаҳр
Хоҳишмандон ва шавқмандон метавонанд нома ва маълумот оид ба иштироки худро ба почтаи электронии зерин фиристанд: izatullozoda1997@gmail.com, mustafam30@mail.ru, WhatsApp (+992) 98 529 3636 Изатуллозода Рамазон, (+992) 93 666 02 95 – Қурбонов Маъруф
