• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Шуъбаи рушди шуғли сабз ва маърифати экологӣ

Миссия ва дидгоҳи стратегӣ

Шуъбаи рушди шуғли сабз ва маърифати экологӣ бо мақсади мусоидат ба гузариши ҷомеа ба модели рушди устувор таъсис ёфтааст. Самти калидии фаъолияти он иборат аст аз ташкили ҷойҳои кории нав дар бахшҳои “сабз”-и иқтисодиёт, тарғиби истифодаи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ дар миёни аҳолӣ. Мо талош менамоем, ки моделҳои муосири иҷтимоӣ ва ташкилиро таҳия ва татбиқ намоем, ки ба ҳифзи захираҳои табиӣ, беҳбуди сифати зиндагӣ ва таъмини суботи экологӣ барои наслҳои оянда мусоидат кунанд.

Шуъба ҳамчун як платформаи илмӣ-таҳлилӣ фаъолият менамояд, ки мутахассисони соҳаҳои таълими касбӣ, бозори меҳнат, муҳаққиқон ва донишҷӯёни ҷавонро муттаҳид месозад ва заминаи мусоид барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ фароҳам меорад.

Самтҳои асосии фаъолият:

  • гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар самти рушди бозори меҳнат бо тамаркуз ба технологияҳои сабз ва таълими экологӣ;
  • таҳияи тавсияҳои илмӣ-асоснок оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба мафҳуми «шуғли сабз» дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мониторинг ва таҳлили ташаббусҳо ҷиҳати ташкили ҷойҳои кории сабз дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва коркарди партовҳо;
  • рушди ҳамкории илмӣ ва академӣ бо донишгоҳҳо, марказҳои таҳқиқотӣ ва ташкилотҳои байналмилалии пешсаф;
  • ташкили чорабиниҳои илмии сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла конфронсҳо, форумҳо, мизҳои мудаввар ва мактабҳои иқтисодиёти сабз;
  • ҷорӣ намудани ҷузъҳои экологӣ ба барномаҳои таълимӣ ва тадқиқотии донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва малакаҳои марбут ба рушди устувор.

Мавзӯъҳои афзалиятноки тадқиқот ва лоиҳаҳо:

  • Ташаккули стандартҳои касбӣ барои ҷойҳои кории сабз;
  • Баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба бозори меҳнат ва рушди иқтисодӣ;
  • Омодасозии мутахассисон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои фаъолияти самаранок дар шароити иқтисодиёти сабз;
  • Таҳияи барномаҳои таълимӣ ҷиҳати такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи касбии мутахассисон дар соҳаҳои рушди устувор ва татбиқи технологияҳои сабз.

Ҳамкории байналмилалӣ

Шуъба бо марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамкории фаъолона ба роҳ монда, робитаҳои шарикиро бо муассисаҳои пешсафи илмӣ ва таълимӣ густариш медиҳад. Ҳадафи асосии ин ҳамкорӣ – табодули дониш ва таҷриба дар самти рушди устувор ва татбиқи технологияҳои сабз мебошад.

Дар доираи лоиҳаҳои муштарак, шуъба дар таҳияи ташаббусҳои илмӣ оид ба мубодилаи таҷриба бо кишварҳои дигар фаъолона иштирок мекунад. Ин ташаббусҳо ба ташкили ҷойҳои кории аз ҷиҳати экологӣ тоза, дастгирии соҳибкорӣ дар бахши технологияҳои сабз ва рушди моделҳои устувори тиҷорати сабз нигаронида шудаанд.

Ҳадафҳои мо

  • Ташаккули насли нави коршиносон, ки дорои донишу малакаҳои зарурӣ дар самти технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ҷойҳои кории сабз ва маърифати экологӣ мебошанд;
  • Тақвият бахшидани саҳми илмӣ ва амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди бозори меҳнат, ки ба бахшҳои устувори иқтисодиёт нигаронида шудааст;
  • Бунёди мактаби устувори илмӣ дар заминаи муносибатҳои байналмилалии экологӣ дар асоси донишгоҳ;
  • Табдил ёфтани шуъба ба маркази тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои марбут ба рушди устувор ва иқтисодиёти сабз.

Маълумот барои тамос:

E-mail: green.iutet@gmail.com

Телефон: +992 909905062