• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Шуъбаи кишоварзии устувор ва амнияти озуқаворӣ

Мақсади асосӣ: Таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии озуқаворӣ тавассути ҷорӣ намудани усулҳои муосир ва инноватсионии истеҳсолот, ҳифзи захираҳои табиӣ, назорати сифат ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти солим ва безарар.

Сохтори шуъба:

  1. Мудири шуъба;
  2. Сарходими илмӣ;
  3. Ходими калони илмӣ;
  4. Ходими пешбари илмӣ;
  5. Ходими илмӣ.

Вазифаҳои асосии шуъба:

  1. Кишоварзии устувор.
  • пешниҳодҳо дар самти ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва кишоварзии устувор;
  • пешниҳоди усулҳои муосир дар самти гузариш ба низоми агроэкологӣ ва экологикунонии раванди истеҳсолот;
  • таҳия ва пешниҳоди технологияи инноватсионӣ дар раванди обёрии заминҳо;
  • истифодаи технологияи сабз дар самти хифзи агроландшафтҳо ва заминдории устувор.
  1. Амнияти озуқаворӣ:
  • мониторинги истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар самти расидан ба амнияти озуқаворӣ;
  • коҳиш додани сатҳи истифодаи пестисидҳо ва нуриҳои органикӣ;
  • истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба бозори минтақавӣ ва ҷаҳон ворид намудани он;
  • пешниҳоди роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ.
  1. Рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ:
  • гузаронидани таҳқиқоти илмӣ барои муайян намудани инфрасохтори инноватсионии соҳаи кишоварзӣ;
  • пешниҳоди илман асоснокшуда барои минтақаҳои кишоварзӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ;
  • истифодаи технологияи рақамӣ, аз қабили GIS, сенсорҳо, дронҳо ва зеҳни сунъӣ барои беҳтар намудани раванди истеҳсолоти кишоварзӣ;
  • пешниҳои платформаҳои рақамӣ оид ба мониторинг ва идоракунии захираҳои замин ва об дар соҳаи кишоварзӣ;
  • пешниҳоди платформаҳои рақамӣ барои реклама, бастабандӣ ва банақшагирии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ.
  1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ:
  • арзёбии сиёсати давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ;
  • пиёда намудани сиёсати давлатӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалї Раҳмон ва ҳадафҳои Стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • пешниҳоди роҳҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини ҷойҳои нави корӣ дар деҳотҳо;
  • дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ арзёбї намудани амнияти озуқаворӣ ва роҳҳои дастрасӣ ба он.
  1. Тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он:
  • арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳарорати ҳаво ба соҳаи кишоварзӣ;
  • пешниҳоди роҳҳои мусоид барои ҷорӣ намудани агротехнологияҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;
  • ҳифзи эксостемаҳои обӣ ва агроландшафтҳо бо истифода аз технологияи инноватсионӣ;
  • ҷорї намудани технологияи рақамӣ дар самти коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
  • омӯзиши таъсири омилҳои антропогенӣ ва метеорологӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ;
  • пешниҳоди роҳҳои мусоид дар самти коҳиш додани таъсири антропогенӣ ва метеорологӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва экосистемаи табиӣ;
  1. Баланд бардоштани маърифати экологӣ-молиявӣ ва донишҳои техникӣ:
  • ташкили семинарҳои омӯзишӣ дар самти ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ-экологӣ ва донишҳои техникӣ барои деҳқонон ва мутахассисони корхонаҳои кишоварзӣ;
  • гузаронидани тренингњо дар самти омода намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва роҳҳои тиҷоратикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ;
  • омода намудани дастурамал ва маводҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани огоҳии экологӣ, техникӣ ва молиявии корхонаҳои кишоварзӣ;
  1. Ҳамкорӣ ба мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ:
  • густариши ҳамкориҳо бо ташкилотњои FAO, UNDP, WFP, GIZ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои дастгирии лоиҳаҳои устувор дар соҳаи кишоварзӣ;
  • ҷалби сарчашмаҳои берунӣ ва дохилии сармоягузориҳои сабз барои маблағгузорӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва амнияти озуқаворӣ;
  • иштирок дар барномаҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти ҷалби сармоягузориҳо ва маблағгузориҳои сабз ба соҳаи кишоварзӣ.