
ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ИНСТИТУТ
Рӯзи 2-юми декабри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи Шурои илмӣ баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи солонаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ мавриди барррасӣ қарор дода шуд. Дар кори ҷаласа муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дотсент Исломбек Зоирзода ва сардори раёсати илм ва инноватсия профессор Некрӯз Қудратов ширкат варзиданд.
Ҷаласаро директори Институт профессор Фарҳод Шарофзода ифтитоҳ бахшида, аҳамияти таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои он дар равандҳои стратегии рушди устувори иқтисоди миллӣ ва сиёсати давлатӣ дар самти иқтисоди сабзро таъкид намуд.
Сипас, муовини директор оид ба илм ва инноватсия профессор Зулфия Қурбонзода ҳисоботи муфассали солонаи фаъолияти илмию таҳқиқотиро пешниҳод намуд. Дар ҳисобот самтҳои муҳими илмӣ, натиҷаҳои таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои амалишуда, нашрияҳои илмӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нишондиҳандаҳои рушди иқтидори илмии институт мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар муҳокимаи ҳисобот муовини ректор оид ба илм ва инноватсия муҳтарам дотсент Исломбек Зоирзода, сарходими илмӣ профессор Маҷидов Ҳамид, муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва идоракунии лоиҳаҳо дотсент Гулшан Бодурова, инчунин мудири шуъбаи рушди устувори кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ профессор Фирдавс Арабов баромад намуда, ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти илмии Институтро мавриди баррасӣ ва баҳогузории муфассал қарор доданд.
Баромадкунандагон қайд карданд, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии Институт дар соли ҷорӣ ба густариши таҳқиқоти соҳавӣ, таҳкими иқтидори илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими инноватсионӣ, таҳияи тавсияҳои илмии амалӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ин дастовардҳо имконият медиҳанд, ки Институт дар солҳои минбаъда нақши худро ҳамчун маркази муҳими таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор ва иқтисоди сабз боз ҳам тақвият бахшад.
Дар ҷаласа ҳамчунин вазифаҳои стратегӣ дар самти илмию таҳқиқотӣ барои соли 2026 муайян карда шуданд, ки ба таҳияи лоиҳаҳои илмии нав, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани саҳми Институт дар татбиқи сиёсати давлатии рушди устувор нигаронида шудаанд.








