
ҲАМОИШИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ “СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ВА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ УСТУВОР”
Рӯзи 26-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз Ҳамоиши байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Созмони Милали Муттаҳид ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор» баргузор гардид.
Ин чорабинии сатҳи баланд ба ифтихори 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд. Ҳадафи асосии он таҳкими шарикӣ ва муколама дар самти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) буд.
Дар ҳамоиши мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамшерзода Комилҷон, Аҳмадзода Дилноза ва Наботзода Сиевуш иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш инчунин намояндагони вазорату идораҳо, сафоратҳо, созмонҳои байналмилалӣ, марказҳои илмию таҳқиқотӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор оғоз гардид. Убайдулло Асрорзода бо ифтихор ба суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ишора намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, дипломатияи об, амният киберӣ ва таҳкими ҳуқуқи байналмилалӣ, мавқеи устувор ва созанда дорад.
Махсусан, пешниҳодҳои Пешвои миллат оид ба эълони Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе ва даъват ба тақвияти дипломатияи об ҳамчун иқдомҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ва арзиши баланди илмӣ зикр шуданд.
Сипас Шукурзода Исфандиёр Шукур – муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуторская Вера Валеревна – Ваколатдори муваққатии корҳои Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шамшерзода Комилҷон Чила, Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, Наботзода Сиёвуш Холмурод – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амриё Бобозода – муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии тоҷикистон, Штефан Ханиш – Сардори департаменти иқтисодӣ ва муҳити зисти дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Родора Б. Консепсён – роҳбари бахши амалиётии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон, Шалва Киртадзе – ректори Донишгоҳи давлатии Кутаисии ба номи Акакия Серетели (Гурҷистон), Анварзода Сунатулло – сардори Раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ-техникии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонова Зулфия Маҳманабиевна – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, муовини директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ ва Ҷабборов Парвин Нозимович – намояндаи лоиҳаи Фонди маблағгузории иқтисоди сабз (GEFF) суханронӣ намуданд.
Ҳамоиш бо руҳияи баланди илмӣ баргузор гардид. Дар музокироти ҷамъбастӣ таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба унвони кишвари ташаббускор ва пешсафи ҷаҳонӣ дар бахшҳои об, иқлим ва дипломатияи сабз шинохта шудааст.
Иштирокчиён дар ҳамовозӣ ба суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварданд, ки ҳамкориҳои илмӣ, дипломатӣ ва технологӣ барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои кишварҳои рӯ ба инкишоф, аз ҷумла Тоҷикистон, тақвият дода шаванд.
Дар хотимаи Ҳамоиш ба иштирокчиён фаъолияти Маркази дипломатияи сабзи назди Донишгоҳ, ҳамчунин китобҳои тозанашри «Пешвои миллат ва ташаккули дипломатияи сабзи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардиданд.
