• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

БАРГУЗОРИИ САММИТИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ “САБЗ” ДАР ДУШАНБЕ

15 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар пойгоҳи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Саммити ректорони донишгоҳҳои “Сабз” таҳти унвони «Донишгоҳҳои оянда: Green. Digital. Smart» бо иштироки шарики байналмилалӣ UI GreenMetric World University Rankings ва ҳузури 150 нафар ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин профессорон ва олимони соҳаҳои гуногун баргузор гардид. Саммит бо сухани ифтитоҳии…

ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН – ҲАМОҲАНГСОЗИ МИЛЛИИ ШАБАКАИ UI GREENMETRIC ДАР ТОҶИКИСТОН

​Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи UI GreenMetric ва ташаббусҳои “сабз” дар Тоҷикистон таъин гардид! ​​Дарёфти ин шаҳодатномаи байналмилалӣ нишонаи эътирофи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти тарғиби устувории экологӣ ва ташаббусҳои «сабз» мебошад. Акнун Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии ҳамоҳангсоз барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар доираи…

ШОМИ ДӮСТӢ ДАР ФАЗОИ ҲАМДИЛӢ ВА ФАРҲАНГИ БАЛАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

14 апрели соли 2026 дар доираи баргузории Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, барои меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиёни форум Шоми дӯстӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса доир гардид. Чорабинии фарҳангӣ бо ҳадафи таҳкими робитаҳои дӯстона, муаррифии фарҳангу суннатҳои миллӣ ва фароҳам…

ИФТИТОҲИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ РУШДИ УСТУВОР. САБЗ. РАҚАМӢ. ҲУШМАНД.»

Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе 14 апрели соли 2026 Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд.» бо иштироки доираи васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва шарикони хориҷӣ расман ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба…