• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.
ҲАМОВОЗӢ БА ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРӢ

ҲАМОВОЗӢ БА ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРӢ

10-уми июни соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-амалӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии ҳамоиш – ҳамовозӣ ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҷараёни ҷаҳонии ҳифзи криосфера ба ҳайси як самти калидии сиёсати иқлимии башарӣ мебошад.

Мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтани суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса (8-уми июни 2025) дар маросими оғози расмии Даҳсолаи илмҳои яхшиносӣ, яке аз нуқтаҳои меҳварии ҳамоиш буд.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раёсати донишгоҳ, олимону коршиносон, инчунин кормандони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини якуми ректори донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович оғоз гардид. Таъкид гардид, ки ҳамаи мо бо ифтихор мушоҳида кардем, ки санаи 08 июни соли 2025 Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса бо суханронии пурмуҳтаво дар чорабинии сатҳи баланди оғози ин даҳсолаи муҳим ширкат варзиданд. Маҳз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса ин Даҳсолаи илмии криосферӣ эълон гардид, ки боз як дастоварди назаррас дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи дипломатияи обу иқлим ба шумор меравад.

Сипас, Файзуллозода Хайруллои Абдулло, сармутахассиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавриди Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Ҳомидов Анвар Шеринович, номзади илмҳои география, ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзуи нақши илмҳои яхшиносӣ дар таҳкими амнияти обӣ ва экосистемаи минтақавӣ ибрози андеша намуд, Ҳоҷиев Абдусамад Маҳмадшоевич, сармутахассиси Агентии обуҳавошиносӣ, доир ба пайомадҳои обшавии пиряхҳо ва зарурати мониторинги дақиқ, Қурбонова Зулфия Маҳманабиевна, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, муовини директори Институтии илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ, дар мавзуи «Тоҷикистон дар маркази дипломатияи сабзи ҷаҳон: оғози Даҳсолаи илмҳои криосферӣ ҳамчун саҳми стратегии кишвар дар ҳалли мушкилоти иқлимӣ» баромад намуданд.

Дар мизи мудаввар таъкид шардид, ки дар натиҷаи ташаббуси Тоҷикистон ва Фаронса, Маҷмаи Умумии СММ Даҳсолаи байналмилалии илмҳои яхшиносӣ (2025-2034)-ро расман эълон намуд, ки яке аз дастовардҳои бузурги дипломатияи сабзи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни ҳамоиш зарурати таҳкими тадқиқотҳои криосферӣ, таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба илмҳои яхшиносӣ дар шаҳри Душанбе, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои иқлимӣ ва яхшиносӣ ва воридсозии фанҳои марбут ба иқлим, муҳити зист ва пиряхҳо ба барномаҳои таълимӣ баррасӣ гардид.

Натиҷаҳои мизи мудаввар ҳамчун қадами амалӣ дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола ва густариши ҷойгоҳи стратегии Тоҷикистон дар сиёсати иқлимии ҷаҳонӣ арзёбӣ мегарданд.