• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.
ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ВА БАХШИ ХУСУСӢ-ОМИЛИ МУҲИММИ НОИЛ ГАРДИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ВА БАХШИ ХУСУСӢ-ОМИЛИ МУҲИММИ НОИЛ ГАРДИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Рӯзи 18-уми июни соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ- омили муҳимми ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди хусусӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мебошад. Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳо, мутахассисони бонкӣ, олимони пажуҳишгоҳи илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанашон дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар муайян гардидааст.

Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии МТС,н.и.и. Одиназода Амин Иброҳим дар мавзуи “Рушди соҳибкории истеҳсолӣ – омили муҳимми ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ”, директори Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон д.и.и., профессор Шарофзода Фарҳод Раззоқ дар мавзуи “Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити ташаккули иқтисоди сабз”, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.и. Ҷурахонзода Саодат Ҷурахон дар мавзуи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди шуғли пурмаҳсул”, и.в. муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” Розиқов Муҳаммаднасим дар мавзуи “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Забирзода Некрӯй дар мавзуи “Таҳлили фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар кишвар ва роҳҳои беҳтар намудани он” ва дигар иштирокдорон тибқи барнома бо маърузаҳо суханронӣ карданд ва ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.