• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.
НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ ВА ГЛОБАЛӢ: ТАҲЛИЛИ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ДУЮМИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ЧИН”

НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ ВА ГЛОБАЛӢ: ТАҲЛИЛИ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ ДУЮМИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ЧИН”

17 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ҳамоиши дуюми сатҳи олӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ин ҳамоиши муҳими минтақавӣ фаъолона иштирок намуда, бо суханронии муфассал ва пурмуҳтавои худ андешаву пешниҳодҳои созандаро баён доштанд.

1. Тақвияти муколамаи сиёсӣ ва иқтисодии минтақавӣ. Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар чаҳорчӯби ҳамоишҳои минтақавӣ, метавонад ба расидан ба ҳадафҳои умумии рушди устувор ва суботи минтақавӣ мусоидати муассир намояд. Ин раванд ҳамзамон ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоди сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин замина фароҳам меорад. Ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамчун пояи асосии робитаҳои минтақавӣ шинохта шуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятнок – энергетикаи сабз, саноат, коркарди маъданҳои муҳим, кишоварзӣ ва нақлиёту логистика барои рушди минбаъдаи иқтисодии кишварҳо аҳамияти стратегӣ дорад.

2. Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун муҳаррики нави рушд. Дар суханронии худ, Сардори давлат ба зарурати рушди пайвасти рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат ба ташаббуси Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ дар бораи нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор ишора намуданд, ки моҳи сентябри соли 2024 пешниҳод шуда буд. Ин иқдом имкониятҳои нави ҳамкориро дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати электронӣ мекушояд, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар равандҳои рақобатпазирии ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозад.

3. Пешбурди ташаббусҳои муҳити зист ва рушди “иқтисоди сабз”. Дар ҳошияи масъалаҳои муҳити зист, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ташаббуси Тоҷикистон “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо”-ро таъкид намуданд. Ин ташаббус ба ҳимоя ва истифодаи устувори захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона гардидааст ва метавонад ҳамчун намунаи ҳамкории минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ хизмат намояд. Сарвари давлат, ҳамчунин, ташкили кластерҳои саноатӣ ва рушди иқтисоди сабзро омили муҳими ҷалби сармоя, рушди истеҳсолоти маҳаллӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишварҳо арзёбӣ карданд.

4. Масоили амниятӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳими амнияти озуқаворӣ, ҳамоҳангсозии меъёрҳои фитосанитарӣ ва байторӣ, инчунин, тақвияти иқтидори логистикии минтақавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ин ҳама омилҳо дар ташаккули иқтисоди рақобатпазир ва устувор дар минтақа нақши калидӣ мебозанд. Зикр гардид, ки рушди ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, баланд бардоштани нақши ҷавонон ва сайёҳӣ низ бояд дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа қарор гиранд.

Дар умум Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо имзои чандин санадҳои муҳим, аз ҷумла “Паймони ҳамсоягии абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ” ва “Эъломияи Остона” анҷом ёфт. Ин ҳуҷҷатҳо заминаи нави ҳамкории минтақавиро фароҳам оварда, омили муҳими таъмини субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ ва Чин хоҳанд буд. Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин низ омодагии кишварашро барои тақвияти ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа таъкид намуданд, ки аз манфиатҳои муштарак ва дурнамои умумии рушди минтақавӣ шаҳодат медиҳад.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш аз мушоҳидаву ташаббусҳои мутавозин ва дурбин асос ёфта, дар баробари ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, рушди устувор ва амният равона гардидааст. Ин суханронӣ бар он далолат медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори фаъоли дипломатияи минтақавӣ ва ҷонибдори ҳамкориҳои бисёрҷониба ҷойгоҳи сазоворро дар фазои сиёсиву иқтисодии Осиёи Марказӣ касб намуда истодааст.

Қурбонова Зулфия Маҳманабиевна
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор муовини директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон