
ЧИН – ШАРИКИ СТРАТЕГИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Дар ҷаҳони имрӯзи таваҷҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба мавҷудияти гузаргоҳҳои тиҷоратӣ, ки Шарқ ва Ғарбро бо ҳам мепайванданд, маъданҳои фоиданок, афзоиши баланди демографӣ афзоиш ёфтааст. Бо тағйироти муносибатҳои байналмилалӣ ва тавозун дар сиёсати ҷаҳонӣ, бозигарони калон кӯшиш мекунанд, ки робитаҳояшонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мустаҳкам кунанд. Ҳамоишҳои “С5+1” бо иштироки кишварҳои пешрафта ва минтақа зуд-зуд ба амал меоянд. Иштирокчиёни ин раванд Ҷопон, ИМА, Фаронса, Олмон, Италия, Ҳиндустон, Русия, Чин ва ғайра мебошанд. Ва агар аксарияти чунин вохӯриҳо хусусияти сиёсӣ дошта бошанд, пас ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Чин” як майдони фаъол барои ҳалли мушкилоти мубрами глобалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Минтақаи Осиёи Марказӣ на танҳо маконест, ки Чин бори аввал ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” – ро дар ин ҷо пешбарӣ кардааст, балки минтақаи пешрафта дар татбиқи муштараки босифати ин ташаббус мебошад ва Чин бо ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ созишномаҳо оид ба амалисозии муштараки “Камарбанд ва роҳ” – ро имзо намуда, бо онҳо як қатор лоиҳаҳои муҳимро амалӣ кардааст, ки ба рушд ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми минтақа мусоидат намудаанд.
Имрӯз ҳамкорӣ дар доираи формати “Осиёи Марказӣ-Чин” бо низоми муайян ба роҳ шудааст. Аз ин рӯ, шарикии байни кишварҳои минтақа ва Чин босуръат рушд мекунад. Дар рӯзномаи ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин”, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ин рӯзҳо бо иштироки сарони давлатҳо гузашта истодааст, барои баррасии сарони давлатҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, густариши муколамаи сиёсӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, рушди ҳамгироии нақлиётию транзитӣ, энергетика, инноватсия ва рушди устувор, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ, ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак оид ба муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ, пешбурди табодули фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ пешниҳод гардидаанд. Президентҳо самтҳои ҳамкории ояндаро муайян карда, ният доранд ба лоиҳаҳои рушди кишоварзӣ ва манбаъҳои энергияи сабз такон диҳанд.
Инчунин дар доираи ҳамоиши мазкур ҷаласаи дуюми Шӯрои тиҷоратии “Чин – Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 35 ёддоштҳо ба маблағи умумии беш аз 17 миллиард доллар ба имзо расид, ки ин аз иқтидори назарраси рушди ҳамкории тарафҳо шаҳодат медиҳад. Созишномаҳо соҳаҳои калидиро аз энергетикаи сабз ва инфрасохтор то логистика, савдо ва таъсиси марказҳои нав фаро мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” 19 майи соли 2023 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд. Аз замони баргузории он ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Чин ва ОМ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардид. Тибқи маълумоти Идораи марказии гумруки Чин, ҳаҷми тиҷорати минтақаи Осиёи Марказӣ бо Чин дар соли 2024 ба 94,8 миллиард доллари ИМА расид. Дар ин ҳолат, вектори муҳим тиҷорати электронӣ гардидааст, ки имкониятҳои навро барои мубодилаи зудтари молҳо ва хидматҳо фароҳам меорад ва дар доираи татбиқи ташаббуси Раиси ҶМЧ оид ба ташкили минтақаи озмоишии “тиҷорати электронии роҳи Абрешим” дохил мешавад.
Тибқи маълумоти бандари хушки байналмилалии Чанба дар шаҳри Сиан, ки он ҷо Маркази логистикии Қазоқистон дар соли 2024 кушода шуд, тавассути роҳи оҳани байналмилалии Чин-Аврупо аз Сиан ба Осиёи Марказӣ зиёда аз 76 ҳазор контейнерҳои стандартӣ фиристода шуданд. Ба шарофати ин марказ, молҳо аз Осиёи Марказӣ тавассути Сиан метавонанд ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ворид шаванд, ки ин барои онҳо долони муҳими тиҷорати байналмилалиро боз кард.
Дар доираи созишномаҳои саммити якум чорабиниҳо оид ба рушди сабз ва камкарбон бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо тағйирёбии иқлим, аз ҷумла дар соҳаи рушди кишоварзӣ дар шароити норасоии захираҳои об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон истеҳсолкунандагони мошинҳои барқии Чин фаъолият доранд. Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ инчунин ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ, таҳқиқоти муштарак, табодули таълим ва ғайра фаъолона рушд медиҳанд, ки асосҳои иҷтимоӣ ва дастгирии мардумро барои ҳамкорӣ мустаҳкам мекунанд. Дар айни ҳол, Чин ба яке аз самтҳои асосии таҳсили донишҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.
Мисолҳои муваффақи ҳамкории минтақавӣ инчунин ҷорӣ намудани низоми мутақобилаи бидуни раводиди Чин бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳаи “Устохонаи Лубан”, густариши робитаҳои гуманитарӣ, кушодани нахустин хатсайри парвози мустақими мусофиркашонии Пекин-Душанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии China Southern Airlines, ки ба табодули дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад, шуда метавонанд.
Ҳамин тавр, Чин шарики муҳими сармоягузорӣ ва тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Чин ва давлатҳои минтақа якҷоя консепсияи рушди сабз, камкарбон ва устуворро пешбарӣ мекунанд. Ин консепсияҳо самти талошҳои кишварҳоро дар соҳаи энергетика ва технология муайян мекунанд ва инчунин барои ҳамкории минбаъда замина мегузоранд.
Абдураҳмон Ҳабибов
н.и.и., дотсент,
ходими пешбари илмии
Институти илмию тадқиқотии
рушди устувор ва иқтисоди сабз
