• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲИВУ СОҲИБКОРӢ ВА ИҚТИСОДИ САБЗ”

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲИВУ СОҲИБКОРӢ ВА ИҚТИСОДИ САБЗ”

Санаи 4-уми апрели соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва Институти илмӣ-таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми илмию амалии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Масъалаҳои таъмини рушди устувори сайёҳиву соҳибкорӣ ва иқтисоди сабз”, бо иштироки вазорату идораҳо, олимону мутахассисони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
 
Ҳадаф аз баргузории Форуми илмию амалии байналмилалӣ табодули натиҷаҳо ва коркарди андешаҳои илмӣ оид ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва таҳияи механизми таъмини рушди устувори сайёҳиву соҳибкорӣ ва иқтисоди сабз иборат мебошад. Форум ба минбари баррасии масъалаҳои мубрами таъмини рушди устувори сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва иқтисоди сабз дар Тоҷикистон табдил ёфт.
 
Дар Форум табодули натиҷаҳо ва коркарди андешаҳои илмӣ оид ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва таҳияи механизми таъмини рушди устувори сайёҳиву соҳибкорӣ ва иқтисоди сабз иборат мебошад.
 
Дар Форум дар баробари иштироки олимому мутахассисони ватанӣ, инчунин аз мамлакатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Олмон, Узбекистон баромад карда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ фикру андешаҳояшонро пешниҳод намуданд, ки онҳо дар робита ба рушди минбаъдаи сайёҳии минтақавӣ, аз ҷумла ба кор даровардани инфрасохтори сайёҳӣ мусоидат менамоянд.
 
Аз баромадҳо ва маърузаҳои кардашуда чунин тавсияҳои илман асосноки аҳамияти илмию амалидошта пешниҳод карда шуд:
 
1. Ташкил намудани роҳҳои ҳалли таъмини рушди устувори сайёҳӣ дар кишвар бо роҳи баргузории чорабиниҳои илмӣ;
2. Ҷоннок намудани татбиқи стратегияи таъмини рушди устувори соҳибкорӣ ва иқтисоди сабз тавассути ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмию таҳқиқотӣ;
3. Беҳтар гардонидани таъмини рушди усутувори сайёҳии этникӣ ва табобатию варзишӣ тавассути таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои грантӣ;
4. Коркарди механизмҳои танзими таъмини рушди устувори соҳибкорӣ ва иқтисоди сабз бо роҳи коркарди низоми идоракунӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоту идораҳои дахлдор;
5. Муаррифии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳадафҳои ҳазорсолаи СММ тавассути рушди устувори иқтисоди сабз;
6. Пайдо кардани мавқеи устувор дар эҳё намудани Шоҳроҳи Абрешим ҷиҳати таъмини рушди устувори сайёҳии байналмилалӣ;
7. Омодасозии мутахассисон ба воситаи таҷрибаомӯзӣ оид ба ошкор намудани робитаи мултипликативии рушди устувори соҳибкорӣ ва иқтисоди миллӣ;
8. Ба воситаи баргузории чорабиниҳои илмию оммавӣ нишон додани роҳҳои ҳалли масъалаҳои таъмини мутақобилаи рушди устувори сайёҳии экологӣ, соҳибкории сабз ва иқтисоди сабз;
9. Коркард ва пешниҳоди моделҳои сифатӣ барои таъмини рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Фаъол гардонидани таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар такмили рушди устувори соҳибкорӣ ва иҷтисоди сабз тавассути ВАО;
11. Истифодаи васеи рушди устувори иқтисоди сабзи минтақавӣ дар ҳамгироии байналмилалӣ.
12. Беҳтаргардонии сохтори соҳаҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ бо роҳи истифодаи таҷрибаи ширкатҳои сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ;
13. Бо пешниҳоди тавсияҳои илман асоснок иштирок дар васеъ намудани ҳиссаи сайёҳӣ ва соҳибкории сабз дар буҷети давлатӣ ;
14. Муайян кардани дараҷа ва сатҳи рушди фаъолияти ширкатҳои сайёҳии фаъоли ватанӣ ва сафарбар намудани таҷрибаи онҳо дар баланд бардоштани мавқеи соҳибкории сайёҳӣ ва иқтисоди сабз дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии кишвар;
15. Тавассути коркард ва пешниҳоди лоиҳа васеъ истифодабарии таҷрибаи сайёҳии деҳаҳо дар рушди устувори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва равнақ додани сайёҳии дохилӣ;
16. Тавассути ҷалби платформаҳои зеҳни сунъӣ истифодаи васеи инфрасохтори сайёҳӣ дар ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар хизматрасониҳои сайёҳӣ;
17. Дарёфти механизми арзёбии таҳдидҳои иқлимӣ ва таҳияи дурнамои вусъати соҳибкории сайёҳӣ дар таъмини иқтисоди сабз;
18. Тақвияти воқеии гардишгарии байни минтақаҳо тавассути таҷрибаи сайёҳии байналмилалӣ ва сайёҳии дохилӣ;
19. Рушди иқтисоди сайёҳӣ тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифати фаъолияти соҳибкории сайёҳӣ;
20. Таъсири рушди инфрасохтори нақлиётӣ ба тақвияти таъмини рушди устувори сайёҳиву соҳибкорӣ ва иқтисоди сабз;
21. Иншоотҳои сайёҳии дохилӣ бояд пурра аз нигоҳи илмӣ тадқиқ ва баҳогузорӣ карда шаванд;
22. Гузаронидани мониторинги иншоотҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди роҳҳои бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт;
23. Тарҳрезии барномаи рушди сайёҳии деҳот;
24. Тадқиқи иқтидорҳои сайёҳии тиббӣ ва ворид намудани онҳо ба кадастри ягонаи иқтидорҳои сайёҳии тиббии кишвар;
25. Тавассути лоиҳаҳо баҳодиҳии илмии объектҳои сайёҳии минтақаҳои кишвар;
26. Коркарди усулҳои нави методологии баҳисобгирии омории сайёҳии дохилӣ;
27. Коркарди механизмҳои гуногуни ташкили комплексҳои миллии сайёҳӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар;
28. Тавассути лоиҳа мураттаб намудани энсиклопедияи сайёҳии Тоҷикистон бо нишондоди иқтидорҳо, олимони соҳавӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, шахсиятҳои гуногун ва ғайра;
29. Ба асосҳои илмӣ гузаронидани маркетинги сайёҳӣ, ҳамкорӣ намудан бо ширкатҳои варзидаи маркетингии давлатҳои аз лиҳози сайёҳӣ пешрафта;
30. Таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба ташкили дутарафаи сайёҳӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон ва хусусан бо шаҳрҳои бостонии Самарқанд, Бухоро ва Қуқанд;
31. Бо истифода аз стратегияи сиёсати “дарҳои боз” таваҷҷуҳ ба рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ва эҷоди мубодилаи таҷриба бо шаҳрҳои дунё, ки бо Душанбеву Панҷакент, Хуҷанду Кӯлоб, Бохтару Турсунзода бародаршаҳранд;
32. Аз имтиёз ва хадамоти таҷрибашудаи сайёҳии минтақаро омӯхта, аз он истифода бурда, тавассути рушди сайёҳӣ ба кишвар ва аҳолӣ манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодиро фароҳам созад;
33. Бо максади инкишоф ва такмил додани сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ тадбирхои гуногун оид ба барқарор ва беҳсозии муассисаҳои осоишгоҳиро кор карда баромадан лозим аст. Барои ин давлат барои беҳбуди шароити осоишгоҳҳо ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани онҳо маблағ ҷудо кунад;
34. Дар сурати дуруст истифода намудани Гармчашма, Авҷ, Ҷелондӣ мебояд чораҳои зарурӣ баҳри бунёд гардонидани табобатгоҳҳои доимамалкунанда новобаста аз фаслҳои сол, ба монанди осоишгоҳи Хоҷаобигарми ноҳияи Варзоб барпо намудан барои рушди сайёҳии дохилии кишвар мусоидат менамояд;
35. Чашмаҳои шифобахши болооби дарёи Панҷ то ҳол ба дараҷаи кофӣ истифода намешаванд, аз ин рӯ тарӯиб ва рушди инфрасохтори онро ба роҳ мондан лозим аст;
36. Таҳияи лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳури дар бораи ташкил ва рушди деҳоти этносайёҳӣ ва низомнома дар бораи додани мақоми деҳаи этносайёҳӣ дар Тоҷикистон бо имтиёз ва субсидияҳои муайян;
37. Таҳияи лоиҳаҳои грантии байналмилалӣ дар мавзуи омўзиши таҷрибаи пешқадами дунё оид ба рушди деҳаҳои этносайёҳӣ ва татбиқи он дар шароити Тоҷикистон;
38. Бо мақсади тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи сайёҳии этникӣ дар ДБССТ курси махсуси «Туризми этникӣ» ҷорӣ кардан мувофиқи мақсад аст;
39. Дар мавзуи механизми ташкилию иқтисодии ташаккул ва рушди деҳаҳои этносайёҳӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) тадқиқотҳои диссертатсионӣ гузарониданро тавсия мекунем;
40. Барои рушди иқтисоди сабз муҳим аст, ки давлат ва бахши хусусӣ ҳамкорӣ кунанд, то лоиҳаҳои нав ва инноватсионӣ дар соҳаи энергетика ва технологияи тоза амалӣ шаванд;
41. Таълим ва омӯзиш дар соҳаҳои «сабз» барои тайёр кардани мутахассисони қобилиятдор ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти рушди устувор зарур аст;
42. Барои суръат бахшидани раванди гузариши сабз дар алоқаи мобилии Тоҷикистон тақвияти танзими давлатӣ ва ҳамкории байналмилалӣ зарур аст;
43. Ташкили маҳаллаи фарҳангӣ ва эҷодӣ – минтақаи аз ҷиҳати ҳудудӣ муайяншуда, ки ба рушди соҳаҳои хурд (устохонаҳои ҳунари бадеӣ ва дигар шаклҳои устохонаҳо, намоишгоҳҳои рассомӣ ва ғайра) мусоидат мекунанд.
44. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ ташкили ҳарчи бештари лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо мақсади рушди наъҳои ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои кӯҳистони мамлакат;
45. Дар марказҳои шаҳрҳо ташкил намудани марказҳои муносиби истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ ва армуғон ва дар корҳои истеҳсолии чунин марказҳо ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ;
46. Дар маркази шаҳрҳо ташкил намудани бозори ҳунармандон, ки дар чунин бозорҳо танҳо маводи дастраси ҳунарӣ ба фуруш бароварда шавад. Имрӯзҳо дар ҳама бозорҳои кишвар фурӯши маҳсулоти ҳунарӣ дида мешавад. Аммо муттаҳид намудани ҳама ҳунармандон дар як бозор ба мақсад мувофиқ аст;
47. Ташкил ва такмили институтҳои инфрасохтори соҳибкорӣ, аз ҷумла бонкинги исломӣ;
48. Дастгирии лоиҳаҳои афзалиятдоштаи соҳибкорон барои давраи дарозмуддат аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ;
49. Ташкили инфрасохтори муосири иттилоотии фаъолияти илмию татқиқотӣ ва соҳибкорӣ;
50. Кам намудани андоз аз даромади соҳибкорон ва илова намудани маблағи он ба андози иҷоравии захираҳои табиӣ, аз ҷумлаи барои истифодаи конҳо;
51. Ба шароити ҳозира ва тағйири сохтори иқтисодиёт мутобиқ гардонидани тамоми маҷмўаҳои оморӣ, ба хусус маҷмўаҳои саноат, сохтмон, минтақаҳои Тоҷикистон, соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва ғайра. Омўзиши таҷрибаи таълифи маҷмўаҳои омории кишварҳои хориҷӣ, ба хусус Ҷумҳурии Белоруссия;
52. Дар Кодекси андоз зикр намудани истифодаи мақсадноки фонди истеҳлок ва барои тавсеа ва бозтавлид истифода бурдани маблағҳои дар он пешбинишуда;
53. Сода гардонидани расмиёти барҳамдиҳии ширкатҳо, пешгирии ҳолатҳои халалрасонии кормандони соҳаи андоз ба соҳибкорон;
54. Таҳти назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти мутахассисони мақомоти андоз ва дар ҳолати камбудӣ зоҳир намудан баҳои объективӣ додан ба онҳо;
55. Дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти ассотсиатсияҳои соҳибкорон, таҳлилу тадқиқи корҳо ва беҳтар намудани усулҳои бозомўзии соҳибкорон;
56. Ба муассисаҳои олии касбӣ ҳамчун омўзгор ҷалб намудани соҳибкорони муваффақ ва ба донишҷўён омўзонидани нозукиҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *