• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Маълумот дар бораи шуъба

Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки масъалаҳои муҳити зист, махдудияти захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим авҷ гирифта истодаанд, гузариш ба моделҳои нави рушди иқтисодӣ зарурати аввалиндараҷа гардидааст. Дар ин замина, саноати сабз ҳамчун яке аз самтҳои калидии иқтисодиёти устувор баромад мекунад. Саноати сабз маҷмӯи фаъолиятҳоест, ки дар он истеҳсолот бо назардошти ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳо ва коҳиши партовҳо ба роҳ монда мешавад. Он на танҳо ба коҳиши таъсири манфии инсон ба табиат мусоидат мекунад, балки имкониятҳои нави шуғл, инноватсия ва рақобатпазирии иқтисодиро низ фароҳам меорад. Иқтисоди даврагӣ бошад, модели иқтисодиест, ки дар он молу маҳсулот ва захираҳо ҳарчи бештар дар гардиш нигоҳ дошта мешаванд ва партовҳо то ҳадди имкон коҳиш меёбанд. Ин равиш ба ҷорӣ намудани маърифати истифодаи самаранок, коркарди дубора ва аз нав истифода бурдани захираҳо равона гардидааст, ки дар маҷмӯъ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат мекунад.

Фаъолияти шуъбаи таҳқиқоти саноати сабз ва иқтисоди даврагӣ дар асоси «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»  ба роҳ монда шуда, он масъули ташкили сиёсати мувофиқ, ҳамоҳангсозии барномаҳо ва амалӣ намудани тадбирҳое мебошад, ки барои гузариш ба модели нави иқтисодӣ равона гардидааст. Дар ҳисоботи мазкур фаъолияти шуъба дар самти татбиқи ин сиёсатҳо, пешрафтҳо, мушкилот ва дурнамои рушди саноати сабз ва иқтисоди даврагӣ мавриди таҳлил қарор мегирад.

Саноати сабз дар чанд соли охир ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиву экологӣ табдил ёфтааст. Ҳарчанде, ки сатҳи рушди саноати сабз дар кишвар ё минтақаҳои алоҳида аз якдигар фарқ мекунанд, аммо масъалаҳои умумӣ мушоҳида мешаванд:

  • Мавҷудияти барномаҳои миллии рушди “иқтисоди сабз”, ки ҳадафи онҳо коҳиши истеъмоли энергияи ифлоскунанда, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии соҳибкорони экологӣ мебошад;
  • Таваҷҷуҳи афзоянда ба энергияи барқароршаванда (обӣ, офтобӣ, бод), ки ҳамчун алтернатива ба манбаъҳои анъанавии ифлоскунанда ба роҳ монда мешаванд;
  • Ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сабз тавассути қарзҳо, имтиёзҳои андоз ва дастгирии давлатӣ;
  • Ҷорӣ гардидани стандартҳои экологӣ дар бахшҳои калидии иқтисод, аз ҷумла саноати истихроҷ, кишоварзӣ ва нақлиёт;
  • Афзоиши таваҷҷуҳ ба коркарди дубораи партовҳо ва таҳкими инфрасохторҳои идоракунии захираҳо.

Бо вуҷуди ин, саноати сабз дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои пасошӯравӣ, то ҳол бо як қатор чанд мушкилоти калидӣ рӯ ба рӯ мебошад, аз ҷумла: набудани сармоягузории кофӣ, норасоии мутахассисони ботаҷриба, номукаммалии ҳамкории байни бахши давлатӣ ва хусусӣ, инчунин монеаҳои танзимгарӣ.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ, саноати сабз дар маркази стратегияи рушди иқтисодии аксари кишварҳо қарор гирифтааст. Чанд тамоюли муҳими байналмилалӣ дар ин замина чунинанд:

  • Низомҳои сиёсати иқлимӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ (монанди Созишномаи Париж), ки кишварҳоро уҳдадор месозанд, то партовҳои газҳои гулхонаиро коҳиш диҳанд ва гузариш ба манбаъҳои тозаи энергияро суръат бахшанд;
  • Рушди бозори ҷаҳонии технологияҳои сабз, аз ҷумла энергияи офтобӣ ва бодӣ, мошинҳои электрикӣ, системаи идоракунии партовҳо ва технологияҳои саноатии камкарбон;
  • Сармоягузориҳои азими хусусӣ ва давлатӣ дар бахшҳои инноватсионӣ ва стартапҳои сабз, ки иқтисоди сабзро ба як муҳаррики нави рушд табдил медиҳанд;
  • Баландравии талабот ба маҳсулоти сабз ва сертификатҳои экологӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, ки содиркунандагонро водор месозад, то ба стандартҳои баландтар мутобиқ шаванд;
  • Баланд шудани нақши иқтисоди даврагӣ, ки ҳамчун як қисми ҷудонопазири саноати сабз ба ҳисоб меравад ва ба истифодаи дубора ва самараноки захираҳо равона шудааст.

Шуъбаи саноати сабз ва иқтисоди даврагӣ дар доираи вазифаҳои худ ба тадқиқот ва таҳқиқоти илмие машғул аст, ки ба рушди устувори соҳа, беҳтарсозии сиёсатҳои давлатӣ ва ҷорӣ кардани навовариҳои технологӣ дар иқтисоди миллӣ мусоидат менамоянд. Мавзӯъҳои тадқиқотии ин шуъба на танҳо ба омӯзиши равандҳои маҳаллӣ, балки ба таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ низ нигаронида шудаанд.

1. Мавзӯъҳои асосии тадқиқоти илмӣ:

а) Таҳқиқоти назариявию методологӣ

  • Моделсозии гузариш ба иқтисоди сабз ва даврагӣ дар шароити кишварҳои рӯ ба тараққӣ;
  • Омӯзиши меъёрҳо ва нишондиҳандаҳои арзёбии самаранокии иқтисоди сабз ва даврагӣ;
  • Таҳлили иқтисодии хароҷот ва фоидаҳои гузариш ба саноати сабз дар муқоиса бо моделҳои анъанавӣ;
  • Муайянсозии хатарҳо ва имкониятҳои гузариш ба иқтисоди даврагӣ.

б) Таҳқиқоти амалӣ ва сиёсати давлатӣ

  • Омӯзиши самаранокии барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ дар бахши саноати сабз;
  • Пешниҳоди механизмҳои ҳавасмандсозии сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сабз;
  • Омӯзиши таъсири иқтисоди сабз ба бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
  • Таҳлили таъсири иқтисоди даврагӣ ба коҳиши партов ва истифодаи самараноки захираҳо.

в) Таҳқиқоти бахшӣ ва соҳаҳо

  • Омӯзиши имкониятҳои гузариш ба технологияи сабз дар бахшҳои саноати сабук, сохтмон, кишоварзӣ ва энергетика;
  • Таҳқиқи роҳҳои рушди иқтисоди даврагӣ дар соҳаи коркарди партовҳо;
  • Арзёбии эҳтиёҷот ба кадрҳои тахассусӣ дар бахши саноати сабз;
  • Омӯзиши иқтидори минтақавӣ барои ҷорӣ намудани энергияи барқароршаванда.

г) Омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва муқоисавӣ

  • Таҳлили таҷрибаи кишварҳои муваффақ дар гузариш ба иқтисоди сабз ва даврагӣ (масалан: Олмон, Нидерланд, Чин);
  • Муқоисаи сиёсати сабзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳияи тавсияҳо барои ҳамгироии минтақавӣ;
  • Таҳлили системаи ҳуқуқӣ ва андозбандии бахши сабз дар кишварҳои гуногун.

2. Фаъолиятҳои илмии амалии шуъба:

  • Ташкили конфронсҳо, семинарҳо ва мизҳои гирд оид ба масъалаҳои иқтисоди сабз, сиёсати экологӣ ва инноватсияҳо дар соҳа;
  • Таҳияи дастурамалҳо ва тавсияҳои сиёсӣ барои мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ;
  • Кор бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ барои рушди ҳамкориҳои илмӣ ва тарбияи мутахассисон;
  • Омодасозии гузоришҳо ва таҳлилҳои соҳавӣ барои истифода дар қабули қарорҳои стратегӣ;
  • Ҷалби лоиҳаҳои грантӣ ва маблағгузорӣ барои тадқиқоти пилотӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои сабз дар минтақаҳо;
  • Ташкили озмунҳо ва барномаҳои дастгирии стартапҳои сабз, ки идеяҳо ва технологияҳои навро дар амал татбиқ мекунанд.

2.Маълумот оид ба кормандони шуъба

Дар шуъбаи рушди таҳқиқоти саноати сабз ва иқтисодиёти даврагӣ ду нафар мутахассиси баландихтисос кор мекунанд, ки ҳар яки онҳо дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои шӯъба саҳм мегузоранд:

1.Ходими пешбари илмӣ – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳабибов Абдураҳмон Ҳакимбоевич.

Вазифаҳои асосӣ:

  • Гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи рушди устувор ва иқтисоди сабз.
  • Таҳияи мавод ва барномаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани маърифати экологӣ, саноати сабз ва иқтисоди даврагӣ.
  • Мониторинг ва таҳлили натиҷаҳои ташаббусҳои экологӣ.
  • Таҳияи гузоришҳо ва нашрияҳои илмӣ оид ба саноати сабз ва рушди устувор.