Кормандон
Мудири шуъба
Ҷаборова Мадина Ҷумаевна
✆ +992 918221414
✉ madina_jaborova77@mail.ru
Ҷаборова Мадина Ҷумаевна – мудири шуъбаи тадқиқоти саноати сабз ва иқтисоди даврагӣ Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.
Мадина Ҷумаевна таҳсилоти худро дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, факултети иқтисод ба анҷом расонидааст. Дар соли 2023 кори диссертатсиониро дар мавзӯи “Организационно-экономический механизм повышения эффективности производственных систем алюминиевой промышленности” (на материалах Республики Таджикистан).
Фаъолияти илмӣ ва касбии ӯ ба тадқиқи масъалаҳои ташкили истеҳсолот дар соҳаи саноат, истеҳсолоти боэҳтиёт, саноати сабз, иҷтисоди даврӣ равона шудааст. Аз соли 2005 инҷониб дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ фаъолият дошта, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои иқтисодиву экологӣ такя ба рушди устувор ва навоварӣ дорад.
Мадина Ҷаборова дар Лоиҳаи Идораи молияи давлатӣ PFMP LOT:1 ба ҳайси ҳамоҳангсоз доир ба корҳои илмӣ ва таҷрибаомӯзиро дар кишвари Фаронса паси сар намудааст. Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо марказҳо ва муассисаҳои пешрафтаи илмӣ-тадқиқотӣ ҳамкорӣ дошта, дар таҳияи стратегияҳои рушди сабз ва татбиқи технологияҳои устувор саҳми назаррас мегузорад.
Муаллифи як қатор тадқиқотҳои бонуфуз ва мақолаҳои илмӣ, иштирокчии конфронсҳои байналмилалӣ ва коршиноси масоили марбут ба рушди устувор, иқтисоди сабз, саноати сабз ва инноватсияҳо дар самти ташкили истеҳсолот, коркарди партовҳо мебошад.
