Кормандон

Мудири шуъба
Алиева Лола Зуҳурбековна
Тел.: +992 55 444 14 95
e-mail: lolaalieva101195@mail.ru
Лола Алиева – мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ.
Алиева Лола Зухурбековна соли таваллудаш 1995. Соли 2017 факултети илмoҳои табиатшиносии Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ)-ро бо ихтисоси кимиё бо дипломи аъло хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба магистратураи Муассисаи давлатии илмии «Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Тоҷикистон» бо ихтисоси «Кимияи физикӣ» дохил шуда, онро соли 2019 бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2019 ба ҳайси унвонҷӯ дар «Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМАИ Тоҷикистон» шомил гаштааст ва 5 январи соли 2023 рисолаи номзадии худро бо муваффақият дифоъ намудааст.
Аз соли 2017 инҷониб, дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ фаъолият дорад, ки ин ба вай имконият медиҳад, ки таҷрибаи васеъ ва муфид дар таҳия ва татбиқи барномаҳои химиявӣ, техники, иқтисодӣ ва экологӣ ба даст орам. Вай ба масъалаҳои устуворӣ ва навоварӣ таваҷҷуҳи махсус дорам, ки ин ду ҷанбаи муҳим дар рушди устувор ва инноватсионӣ мебошанд.
Алиева Л.З. муаллифи 43 мақолаҳои илмии чопшуда, аз ҷумла 15 мақола дар маҷаллаҳои аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия тавсияшуда ва 24 мақола дар маводи конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад. Вай инчунин 4 патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтааст.
