• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Кормандон

Сардори шуъба

Маҷидӣ Умедҷон Қудратулло

✉ majidiu@gmail.com

Умедҷон Маҷидӣ – мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз, номзади илмҳои таърих (муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ) мебошад. Ӯ дараҷаи магистриро аз Донишгоҳи Сассекс (Шоҳигарии Муттаҳида) дар ихтисоси «Мубориза бо фасод ва идоракунӣ» ва ҳамчунин дараҷаи магистриро аз Мактаби таҳқиқоти байналмилалии Донишгоҳи Ҷавоҳарлал Неру (Ню-Деҳлӣ, Ҳиндустон) дар ихтисоси «Сиёсат» бо ихтисоси махсус дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ гирифтааст. Бо таҷрибаи васеи илмӣ ва байналмилалӣ, Умеджон Маджидӣ дарки амиқи стратегияи идоракунии ҷаҳонӣ, сиёсати зиддифасод ва ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи рушди устувор дорост.

Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз ба рушди ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ, татбиқи барномаҳои дипломатияи сабз ва рушди устувор, инчунин таҳкими иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба иқлим, экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ машғул аст.

Самтҳои фаъолияти шуъба ташкил ва гузаронидани форумҳо, конфронсҳо ва барномаҳои омӯзишии байналмилалиро дар бар мегиранд, ки ҳадафашон таҳкими имиҷи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъол дар рӯзномаи ҷаҳонии «сабз» мебошад.

Зери роҳбарии Умедҷон Маҷидӣ шуъба ба ҳайси минбари зеҳнӣ барои ташаккул ва пешбурди мафҳуми дипломатияи сабз фаъолият мекунад, ки шакли муосири ҳамкории миёни илм, сиёсати давлатӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба манфиати рушди устувор мебошад.

Рӯихати корҳои илмӣ – ORCID


Қурбонзода Зулфия Маҳмаднабӣ

✉ zukurbonova@mail.ru, zulkurbonova@gmail.com

Қурбонзода Зулфия Маҳмаднабӣ – ходими калони илмӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор. Зулфия Қурбонзода мутахассиси шинохта дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатияи сабз ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Аз соли 2011 дар соҳаи илм ва таҳсилот фаъолият намуда, саҳми арзанда ба рушди самтҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию экологӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз кишвар мебошад.

Самтҳои таҳқиқоти илмии профессор Зулфия Қурбонзода доираи васеи масъалаҳои мубрамро дар бар мегиранд, аз ҷумла: ташаккул ва рушди ниҳоди дипломатияи сабз дар партави стратегияи сиёсати хориҷии давлатҳо; ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти экологӣ, муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии обҳои фаромарзӣ; пешбурди ташаббусҳои глобалӣ ва минтақавӣ дар самти рушди устувор ва иқтисоди сабз; омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба татбиқи рӯзномаи сабз ва ташаккули ниҳодҳои идоракунии устувор.

Профессор Зулфия Қурбонзода узви як қатор Шуроҳои диссертатсионӣ оид ба илмҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ буда, дар ташаккули мактабҳои илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва педагогӣ фаъолона саҳм мегузорад. Зери роҳбарии илмии ӯ рисолаҳои номзадӣ дар самтҳои дипломатия, сиёсати хориҷӣ ва амният бомуваффақият ҳимоя шудаанд.

Фаъолияти интишоротии профессор 15 монография, 9 китоби дарсӣ ва беш аз 150 мақолаи илмиро дар бар мегирад, ки онҳо дар маҷаллаҳои пешбари миллӣ ва байналмилалии тақризшаванда, инчунин дар маҷмӯаҳои махсус оид ба масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, низоъшиносӣ, сиёсати экологӣ ва ислоҳот дар соҳаи таҳсилоти олӣ нашр шудаанд.

Ҳамчун муовини якуми директор ва ҳамоҳангсози самти илмию инноватсионӣ, профессор Зулфия Қурбонзода роҳбарии стратегии фаъолияти илмӣ ва таҳлилии Институтро ба уҳда дорад. Ба доираи вазифаҳои ӯ дохил мешаванд:

– банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии самтҳои афзалиятноки илмӣ ва таҳқиқотии Институт мутобиқи стратегияҳои миллӣ ва рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор;

– рушд ва татбиқи рӯзномаи инноватсионӣ ва таълимӣ дар доираи консепсияи «иқтисоди сабз», аз ҷумла татбиқи усулҳои муосири илмӣ, тадқиқоти байнисоҳавӣ ва навовариҳои экологӣ;

– дастгирии илмӣ-методӣ барои барномаҳои магистратура ва PhD, таъмини сифати омодасозии кадрҳои илмӣ ва мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ;

– роҳбарӣ ба лоиҳаҳо ва ташаббусҳои илмӣ дар самтҳои калидӣ, аз қабили дипломатияи сабз, устувории иқлимӣ, ҳамкории фаромарзӣ ва амнияти экологӣ;

– намояндагии Институт дар форумҳо, конфронсҳо ва минбарҳои байналмилалии илмӣ, иштирок дар муколамаҳои байниидоравӣ ва байнидавлатии илмӣ;

– иштирок дар ташаккули сиёсати илмию кадрӣ, рушди мактабҳои илмӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ва пешбурди табодули академӣ.

Салоҳиятҳои касбӣ, нуфузи баланди илмӣ ва робитаҳои васеи байналмилалии профессор Зулфия Қурбонзода ба таҳкими иқтидори институтсионалии Институт ва баланд бардоштани нақши он ҳамчун маркази пешбари илмӣ ва коршиносӣ дар соҳаи рушди устувор, иқтисоди сабз ва дипломатияи экологӣ мусоидат менамоянд.

Барои саҳми назаррас дар рушди илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Қурбонзода бо унвони фахрии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2021) сарфароз гардонида шудааст.

Рӯихати корҳои илмӣ:

1. ELIBRARY

2. ORCID

3. SCHOLAR.GOOGLE

4. SCOPUS


Ходими илмӣ

Қурбонов Маъруф Муидинович

✉ mustafam30@mail.ru

Қурбонов Маъруф Муидинович – муҳаққиқ ва омӯзгор дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз. Аз соли 2019 дар ҷодаи илм фаъолият дорад ва дар таҳқиқоти худ ба масъалаҳои рушди устувор, иқтисоди сабз ва равандҳои геополитикӣ тамаркуз менамояд.

Ӯ инчунин ҳамчун коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи таъмини сифат ва таҳлили сиёсатҳои экологӣ эътироф шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва пажӯҳишии ӯ тариқи дипломатияи сабз беҳтар гардонидани сатҳи муҳити зист, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи стратегияҳои “сабз”, иқтисоди рақамӣ ва идоракунии экологӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар фаъолияти тадқиқотии худ, ӯ ба таҳлили таҷрибаи кишварҳои гуногун дар соҳаи дипломатияи сабз ва татбиқи ин моделҳо дар рушди устувори Тоҷикистон диққати махсус медиҳад.

Айни ҳол дар Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ходими илмӣ фаъолият мебарад. Ичунин ӯ кори илсии худро вобаста ба дипломатияи сабзи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда истодааст.

Фаъолияти ӯ дар Институт ба таҳқиқ ва рушди стратегияҳои иқтисоди сабз, дипломатияи экологӣ, мушкилоти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди устувор, идоракунии захираҳои табиӣ, ва сиёсати энергетикии экологӣ нигаронида шудааст. Ӯ ба таҳлили таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти иқтисоди сабз ва мутобиқсозии он ба шароити Тоҷикистон машғул буда, ҷанбаҳои гуногуни сиёсати экологии давлатро меомӯзад.

Ҳамчунин, ӯ дар таҳияи тавсияҳо барои баланд бардоштани нақши Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии экологӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сабз, ва рушди дипломатияи экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.

Рӯихати корҳои илмӣ – ORCID


Ходими пешбари илмии шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз

Холзода Меҳриддин Равшан

✉ mr-kholzoda@mail.ru mr.kholzoda@gmail.com

Холзода Меҳриддин Равшан (Холов Меҳриддин Равшанович) – ходими пешбари илмии шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз, доктор PhD мебошад. Ӯ ҳамчун мутахассиси варзидаи фаъолияти худро ба масъалаҳои рушди устувори соҳаи омодакунии кадрҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат тавассути омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи технологияи инноватсионӣ бахшидааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии ӯ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арменистон ва дигар кишварҳо ба табъ расидаанд.

Самтҳои таҳқиқоти ХолзодаМеҳриддин ба ҳадафҳои рушди устувор бахшида шудаанд, аз ҷумла: таъмини талаботи бозори меҳнат тавассути омодакунии мутахассисони забондон дар соҳаҳои мухталифи касбу кор; рушди соҳаи сайёҳӣ ва сайёҳии экологӣ тавассути омодакунии ГИД-роҳбаладони касбӣ; ташаккули салоҳиятҳои касбӣ-лингвистии мутахассисон тавассути истифодаи самараноки технологияи инноватсионӣ; рақамикунонии соҳаи таълими забонҳои хориҷӣ бо истифода аз платформаҳои зеҳни сунъӣ; рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамчун ҳадафи устувор; роҳандозии ҳамкориҳои байналмилаӣ мутобиқ ба низоми сиёсати хориҷӣ ва ғайраҳо .

Аз соли 2013 ба фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва аз соли 2018 ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошад. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқотӣ Меҳриддин Холзода 58 мақолаҳои илмӣ ба нашр расонида шудааст. Аз онҳо 16 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, 34 мақола дар маҷалла ва маҷмуаҳои илмии конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 1 монография, 1 китоби дарсӣ ва 6 дастури таълимӣ чоп карда шудааст.

Ҳамчун ходими пешбари илмии шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз Меҳриддин Холзода ҳамоҳангсозӣ ва ҷалби барномаву лоиҳаҳои грантиро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои Институтро ба уҳда дорад. Ҳамчунин, дар доираи мавзуи таҳқиқотии шуъба ба омӯзиш ва таҳқиқи мавзуи “Дипломатияи сабз ва низоми фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” машғул мебошад.

Ҷиҳати такмили малакаҳои касбӣ ва омӯзиши таҷрибаи хориҷи кишвар ба кишварҳои гуногун сафари корӣ намуда, дар чандин форуму конференсияҳои байналмилалӣ суханронӣ намудааст ва дар доираи сафарҳои хориҷӣ курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисосу бозомӯзиро гузашта, дорои шаҳодатномаи хатми курсҳои такми ихтисоси байналмилалӣ мебошад.

Меҳриддин Холзода барои саҳми арзанда ва корҳои самараноки анҷомдодааш дар соҳаи фарҳанг ва маорифи мамлакат соли 2021 бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва соли 2024 бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Ҷоизадори ҷои якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” дар соли 2025 мебошад.

Рӯихати корҳои илмӣ:

1. ELIBRARY

2. ORCID

3. SCHOLAR.GOOGLE