• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Кормандон

Мудири шуъба

Муҳаммадфариди Ҷамшед

(+992) 985 57 54 87

Муҳаммадфариди Ҷамшед – мудири Шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.

Дар давраи фаъолияти касбӣ вазифаҳои масъулиятнокро дар сохторҳои таълимии ҷумҳурӣ иҷро намуда, таҷрибаи назаррас дар самти идоракунии кадрҳо, хизматрасонии ҳуқуқӣ ва танзими ҳуҷҷатгузории ташкилотӣ ба даст овардааст.

Марҳилаҳои фаъолияти касбӣ:

– 2020-2021 – ҳуқуқшинос дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе»;

– 09.2021-22.12.2021 – сардори Шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонии ҳамон муассиса;

– 2024-2025 – сардори Шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонии Муассисаи давлатии «Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С. Юсупова» дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон;

– аз 23.01.2025 то инҷониб – мудири Шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз.

Муҳаммадфариди Ҷамшед дар доираи фаъолияти касбии худ ҷиҳати рушди низоми идоракунии захираҳои инсонӣ, ташаккул ва таҳкими муҳити мусоиди ҳуқуқӣ, инчунин таъмини риояи қатъии меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, маориф ва идоракунии давлатӣ саҳми назаррас мегузорад. Ӯ дар ин самт бо пешниҳоди ташаббусҳо ва роҳандозии чорабиниҳои муассир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва рушди институт фаъолона иштирок менамояд. 


Мутахассиси пешбари шуъба

Сангова Миҷгона Амрохоновна

(+992) 989 19 30 10

Сангова Миҷгона Амрохоновна – мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.

Дар давраи фаъолияти касбӣ вазифаҳои масъулиятнокро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ иҷро намудааст.

Марҳилаҳои фаъолияти касбӣ:

2023-2024 – сармутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот  дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С. Юсупова» дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон;

2024-2025 – ҷонишини сардори шуъбаи таҳсилоти ибтидои касбӣ оид ба таълим дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С. Юсупова» дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон;

аз 01.09.2025 то инҷониб – мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз.

Сангова Миҷгона Амрохоновна дар доираи фаъолияти касбии худ ҷиҳати рушди низоми идоракунии захираҳои инсонӣ, ташаккул ва таҳкими муҳити мусоиди корӣ, инчунин ҷиҳати ба танзим даровардани парвандаҳои шахсии кормандон саҳми назаррас мегузорад. Ӯ дар ин самт бо пешниҳоди ташаббусҳо ва роҳандозии чорабиниҳои муассир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва рушди институт фаъолона иштирок менамояд.