
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Санаи 16 декабри соли 2025 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Аҳли кормандони Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони дигар сохторҳои донишгоҳ бо як ҳисси ватандӯству худогоҳӣ баргузории Паёмро тариқи телевизион дар толори фарҳангии донишгоҳ тамошо намуданд.
Бояд зикр намуд, ки Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он масъалаҳои гуногуни рушди кишвар мавриди таваҷҷӯҳ ва таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, дурнамои рушди ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар баррасӣ мегарданд.
Аз ҷумла, Сарвари давлат соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим, ба монанди интихоботи вакилони парлумон, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ ва эътирофи як қатор ташаббусҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуданд. Зимни ироаи паём таҳлили татбиқи миёнамуҳлати Стратегияи миллии рушд ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар дар таи 10 соли охир гузаронида шуд. Дар асоси ин пешниҳоду тавсияҳои мушаххас ба мақомоту идораҳои дахлдор баҳри тақвияти фаъолият ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди технологияҳои рауқамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дода шуданд.
Ҳамчунин қайд шуд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди иқтисоди сабз ва даврагӣ эътибори аввалиндараҷа бояд диҳад. Нуктаҳои муҳиме, ки дар Паём доир ба рушди устувор ва иқтисоди сабз ироа гардиданд, ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки сабз, мусоидат ба рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геология, рушди устувори соҳаи пахтакорӣ, коркарди амиқи маҳсулот, сохтмони неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 МВт, таъсис ва таъмини марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъӣ бо неруи барқи сабз ва оби хунук, рушди устувори соҳаи пахтакорӣ, густариши фаъолияти илмӣ ва амалӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо ва муаррифии дастовардҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз, инчунин эълони соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ боиси шинохт ва муаррифии фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон маҳсуб меёбанд.
Дар тақвият ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – кормандони соҳаи илмро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти дучанд кӯшиш намуда, дар муаррифии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ободу зебо гардонии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.






