
ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ МУАРРИФИИ ИЛМИ ВАТАНӢ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
10 марти соли 2026 бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон семинар оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати мақолаҳои илмӣ ва мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ, зиёд намудани мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфуз, аз он ҷумла дар пойгоҳи Scopus ва фароҳам овардани замина барои иштироки муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ баргузор гардид.
Мақсади асосии чорабинӣ баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, рушди фаъолияти байналмилалӣ, тақвияти нуфузи илми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ва таъмин намудани иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ буд.
Дар семинар Султанов Дмитрий Викторович – мушовири ширкати илмию ноширии Elsevier (Нидерландия) баромад карда, нахуст бақайдгирии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ҳамчун аввалин донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи байналмилалии иттилоотию таҳлилии Scopus табрик гуфт.
Ҳамчунин дар суханронии худ Султанов Д.В. оид ба пойгоҳи байналмилалии иттилоотию таҳлилии Scopus ва имкониятҳои он, меъёрҳои асосии иштироки муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар раддабандиҳои байналмилалӣ, аз қабили QS ва THE, тартиби шомилгардонии нашрияҳои илмӣ ба пойгоҳи байналмилалии иттилоотию таҳлилии Scopus ва дигар масъалаҳои марбут ба нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва аҳамияти онҳо маълумот дод.
Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Данғара, Хуҷанд ва Левакант низ иштирок карданд.
Аз рӯйи натиҷаи чорабинӣ иштирокчиён аҳамияти муҳими масъалаҳои мазкурро барои рушди илм ва маорифи кишвар, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва баланд бардоштани сифати фаъолияти илмию тадқиқотӣ қайд карданд.






