
“Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз”
Санаи 15-уми апрели соли 2025 бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” конфронси байналмилалии илмию амалии “Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз” баргузор гардид. Дар доираи баргузории ин чорабинии муҳим гурӯҳи волонтёрон аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол ва аъзои клуби экологии донишгоҳ ҷалб гардида, дар ҳамаи марҳилаҳои омодагӣ ва баргузории он саҳми арзандаи худро гузоштанд. Волонтёрон дар корҳои омодасозӣ, аз қабили ороиши толор, банақшагирии ҷойҳои нишаст, омодасозии маводҳои иттилоотӣ ва барномаҳои конфронс, инчунин дар танзими таҷҳизоти техникӣ фаъолона иштирок намуданд.
Конфронсро Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло Асрорзода ифтитоҳ намуда, доир ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мустаҳкам намудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва иқтисоди сабз суханронӣ карданд. Дар кори конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе, сафирони кишварҳои хориҷӣ, олимон ва пажӯҳишгарони ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни баргузории конфронс волонтёрон вазифаҳои мухталифро иҷро намуда, ба меҳмонон ва иштирокчиён роҳнамоӣ карданд, дар сабти ном, тақсими маводҳои иттилоотӣ, ҳамоҳангсозии ҷараёни барнома ва танзими вақти суханрониҳо мусоидат намуданд. Онҳо инчунин дар қисмати пленарӣ ва бахшҳои илмӣ фаъолона ширкат варзида, ба муҳаққиқон ва суханронҳо дар омодасозӣ ва намоиши маводҳо кумак расониданд.
Пас аз нисфирӯзӣ кори конфронс дар ҳафт бахшҳои алоҳидаи марбут ба самтҳои гуногуни татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва пешбурди дипломатияи сабз идома ёфт, ки дар онҳо 46 маърузаи илмӣ шунида шуд. Волонтёрон дар ҳамаи бахшҳо ҳузур дошта, барои таъмини танзими ҷараёни кори онҳо саҳм гузоштанд. Онҳо вазифаи муҳими ҳамоҳангсозиро байни бахшҳо ва котибот иҷро намуда, барои ба таври мунтазам гузаштани барнома шароити мусоид фароҳам оварданд.
Дар анҷоми конфронс, директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон, фаъолияти волонтёрон низ аз ҷониби ҳайати ташкилкунанда баланд арзёбӣ гардид.
Иштироки волонтёрон дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ на танҳо ба муваффақ баргузор гардидани он мусоидат намуд, балки барои худи онҳо ҳамчун таҷрибаи амалии арзишманд хизмат кард. Волонтёрон малакаҳои ҳамкорӣ бо намояндагони хориҷӣ, маҳорати муошират, масъулиятшиносӣ ва малакаҳои ташкилиро рушд доданд. Иштироки онҳо нишон дод, ки волонтёрӣ на танҳо як амали хайр, балки як воситаи муҳим барои ташаккули шаҳрвандии фаъол ва саҳмгузорӣ дар рушди илм, фарҳанг ва дипломатияи сабз мебошад.
Бо чунин масъулият ва фаъолияти намунавӣ, волонтёрон ба сатҳи баланди ташкилӣ ва рӯҳияи ҳамкорӣ мусоидат намуда, ифтихори донишгоҳро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло бурданд.
