

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои рушди устувор, менеҷменти сабз, инчунин ташкили чорабиниҳои муштараки илмӣ, форумҳо ва конфронсҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.