• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

РУШДИ ЭНЕРГИЯИ САБЗ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАЪМИНИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҶУМҲУРӢ

РУШДИ ЭНЕРГИЯИ САБЗ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАЪМИНИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҶУМҲУРӢ

Рӯзи 22-юми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ибтикори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ва кафедраи соҳибкорӣ ва иқтисоди соҳавии Донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Рушди энергияи сабз ҳамчун омили таъмини ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ», бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва олимону коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Конфронсро директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода оғоз бахшида, қайд намуд, ки дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи энергияи сабз ва рушди устувори соҳаи энергетика ба унсури муҳимми амнияти энергетикӣ ва экологӣ табдил ёфтааст, ки ба табдил ёфтани мамлакат ба кишвари сабз нақши ҷиддӣ дорад. Ҳамчунин ба аҳаммияти илмию амалии конфронс, нақши илм дар рушди энергияи сабз ишора гардид.

Дар бахши пленарӣ маърӯзаҳои илмии Юлдошев Зарифҷон Шарифович – доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи электрификатсия ва автоматизатсияи соҳаи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Ризои Баҳромзод – номзади илмҳои физика ва математика, ходими пешбари илмии Институти физика ва техника ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қудусов Мансурҷон Абдусаломович – ноиби раиси Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон, Яқубов Ҷамолиддин Нуриддинович – сармуҳаррири нашрияи “Инсон ва табиат”, сардори Маркази ОРХУС-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуданд.

Дар бахши музокираҳои илмӣ олимон ва коршиносони соҳа аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон, сохторҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои тавлид ва татбиқи энергияи сабз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт баён доштанд.

Дар хотимаи ҷаласаи пленарӣ таъкид гардид, ки рушди энергияи сабз бо такя ба натиҷаҳои илмию инноватсионӣ, механизмҳои иқтисодии муосир, ташвиқу тарғиби афзалиятҳои он ва баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ таъмин мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *