• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
 
Мизи мудавварро директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли иштирокдоронро аз номи раёсати Донишгоҳ бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарории сулҳ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори мамлакат таъкид дошт.
 
Сипас доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдусаттор Ҷабборов ҳамчун иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, оид ба нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии давлатдории тоҷик таъкид намуда, аз суханҳои умедбахши Президенти ҷумҳурӣ дар ҳамон лаҳзаҳои ниҳоят вазнин, ки гуфта буданд: «Ман ба Ватани худам, ба халқи азизам сулҳ меорам» ёдовар гардид. Изҳор гашт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар рӯзҳои мушкил барои ватану миллати тоҷик Тоҷикистони азизи моро аз вартаи нобудӣ ва вайронӣ наҷот бахшида, ба он сулҳу субот оварданд ва заминаҳои рушди устуворро гузоштанд.
 
Нуриддинов Ҳомидхон, номзади илмҳои таърих, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ қайд намуд, ки корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик, бахусус барои ҷавонон, ки насли ояндаи давлат мебошанд, боиси омӯзиш ва раҷгузорӣ мебошанд.
 
Хидирзода Махфират Умар, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дар суханронии хеш ибрози ақида намуд, ки яке аз дастовардҳои асосие, ки истиқлоликишвар соҳиб гаштааст, он аст, ки марди асил, ватандӯсту ватанпарвар мисли Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи мушкилтарини давлати тоҷикон зимоми давлатдориро ба дасти хеш гирифта, тавонистанд дар як муҳлати кӯтоҳ тоҷикистонро ба сулҳу субот ва ба ваҳдату ягонагӣ. Модели суҳли тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат моделе ҳаст, ки сиёсати сулҳофарини Тоҷикистон ва роҳбарияти онро таҷассум мекунад.
 
Докторони илмҳои иқтисодӣ, профессорон Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ва Ҳоҷимаҳмад Умаров оид ба паҳлуҳои гуногуни рушди устувори иқтисодии кишвар зери роҳбарии хирадмандони фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро иброз доштанд.
 
Дар анҷоми мизи мудаввар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва музокироти илмӣ сурат гирифт. Мавқеъ ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдории тоҷик, таъмини сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ ва рушди устувори мамлакат баланд арзёбӣ карданд.Аз ҷумла, олими ҷавон Дайхудоев Ваҳдат дар васфи корнамоиҳо, садоқат ба Ватан ва миллати тоҷик, ҷоннисориҳо, ҳисси ватандориву ватандӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эҷодиёти худ порчаҳои шеърӣ қироат намуд ва таъкид намуд, ки таҷрибаи сиёсиву давлатдории Сарвари давлат яке аз омилҳои асосии пойдории истиқлоли миллӣ ва пешрафти давлати муосири тоҷик ба ҳисоб меравад ва вазифаи асосии ҷавони имрӯзи таҳким бахшидани заминаҳои истиқлоли давлатӣ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *