• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва идоракунии лоиҳаҳо

Бодурова Гулшан Гурезовна

Бодурова Гулшан Гурезовна

Тел.: +992 900 85 10 90

E-mail: bodurova.gulshan@gmail.com

 

 

Бодурова Гулшан Гурезовна – муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва идоракунии лоиҳаҳои Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайеҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.

Аз соли 2014 инҷониб ба фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ, рушди устувор ва амнияти экологӣ машғул аст.

Самтҳои асосии илмию тадқиқотии ӯ ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва аврупоӣ, инчунин ҳуқуқи байналмилалии экологӣ мебошанд. Дар фаъолияти илмии худ, Гулшан Бодурова ба ҷанбаҳои ҳуқуқии рушди устувор ҳамчун принсипи бунёдии танзими байналмилалии экологӣ диққат дода, масъалаҳои амнияти экологиро дар заминаи механизмҳои ҳуқуқии байнидавлатӣ ва дохилидавлатӣ меомӯзад.

Гулшан Бодурова муаллифи 2 монография, 4 китоби дарсӣ ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, танзими фаромарзӣ ва устувории ҳуқуқӣ мебошад. Корҳои илмии ӯ  дар ҷомеаи илмии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар эътироф шудаанд.

Гулшан Бодурова дар вазифаи муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва идоракунии лоиҳаҳо, таҳия ва татбиқи стратегияи байналмилалии институтро ҳамоҳанг намуда,  барои рушди муносибатҳои устувори шарикӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, фондҳо, сохторҳои ҳукуматӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ масъул мебошад.

Самтҳои асосии фаъолияти касбӣ:

  • банақшагирии стратегӣ ва дастгирии лоиҳаҳои байналмилалии тадқиқотӣ;
  • барқарор ва густариши ҳамкорӣ ва шарикии байналмилалии академӣ;
  • ҳамоҳангсозии иштироки институт дар барномаҳои байналмилалӣ, кӯмакҳои техникӣ ва илмӣ;
  • рушди шабакаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор ва иқтисоди сабз;
  • ташкили конфронсу форумҳои байналмилалӣ, вохӯриҳои корӣ ва таҷрибаомӯзӣ;
  • муаррифии институт дар арсаи байналмилалӣ, гуфтушунидҳо, чорабиниҳои сатҳи баланд ва ғайра.

Гулшан Бодурова бо омодагии баланди касбӣ ва муносибати стратегии худ ба ҳамкории байналмилалӣ дар таҳкими имиҷи байналмилалии Институт ва рушди фаъолияти лоиҳавии он дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми назаррас мегузорад.

Рӯихати корҳои илмӣ:

http://orcid.org/0000-0002-4206-7065

https://scholar.google.ru/citations?hl=ru&user=dxnBOaoAAAAJ

http://elibrary.ru/author_items.asp?authorid=1044787

http://www.researcherid.com/rid/AAB-1912-2020