• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Котиби илмӣ

Котиби илмӣ

Ҳабибов Абдураҳмон Ҳакимбоевич

Тел.: +992 901 08 01 44

e-mail: habibov@bk.ru, rushdiustuvor@gmail.com

 

 

Абдураҳмон Ҳабибов – котиби илмии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Аз соли 2004 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ рушди инноватсионии саноати хӯрокворӣ, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди устуворро дар бар мегирад.

Таҳти роҳбарии Абдураҳмон Ҳабибов 5 рисолаи магистрӣ ва зиёда аз 100 рисолаи бакалаврӣ ва мутахассис бомуваффақият ҳимоя шудаанд. Муаллифи 2 монография, 6 дастури таълимӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ дар соҳаҳои рушди инноватсионии саноати хӯрокворӣ, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, иқтисоди рақамӣ ва таҳсилоти олӣ мебошад.

Фаъолияти ӯ дар соҳаи илм ва маориф инчунин дар иштирокаш дар татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ инъикос меёбад. Абдураҳмон Ҳабибов ҳамчун коршинос дар амалӣ намудани 2 лоиҳаи байналмилалӣ ширкат варзидааст ва дар донишгоҳҳои Гимарайнш (Португалия), Бухарест (Руминия), Москва, Магнитогорск (Россия), Алма-Ато (Қазоқистон) ва ғ. такмили маҳорат анҷом додааст.

Барои хизматҳояш, Абдураҳмон Ҳабибов бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2023), Ифтихорномаи Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020) сарфароз шудааст.

Рӯихати корҳои илмӣ – https://www.elibrary.ru/author_items.asp?authorid=875963