• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

ИШТИРОКИ МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ ДАР САММИТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИШТИРОКИ МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ ДАР САММИТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Рӯзҳои 27-29 октябри соли 2025 муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва идоракунии лоиҳаҳои Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Гулшан Бодурова дар ҳайати намояндагони Донишгоҳ дар Саммити байналмилалӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо ибтикори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ва Донишгоҳи Кёнгдон (Ҷумҳурии Корея) баргузор гардид, иштирок намуд.
 
Гулшан Бодурова дар ҷаласаҳои ифтитоҳӣ ва панелии Саммит суханронӣ намуда, самтҳои асосии фаъолияти Институт ва имкониятҳо барои ҳамкориро муаррифӣ намуд. Дар баробари ин, бо намояндагони донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои Чин, Канада, Покистон, Фаронса, Ҳиндустон, Корея, Россия, Гурҷистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо вохӯриҳо ва музокирот анҷом дода шуд.
 
Зимни гуфтушунидҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди устувор ва иқтисоди сабз баррасӣ гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *