
ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Таҳти чунин унвон 04 июни соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, ки ҳамасола 5 июн таҷлил мегардад, мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ҳадафи он баррасии чолишҳо ва имконоти марбут ба идоракунии захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар рӯ ба рӯи хатарҳои афзоишёбандаи иқлимӣ буд.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, сохторҳои тиҷоратӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Мизи мудаввар бо суханронии ифтитоҳии директори Институт, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фарҳод Шарофзода оғоз гардида, дар он зикр шуд, ки ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби СММ бо пешниҳоди Тоҷикистон гувоҳи саҳми назарраси кишвар дар ҳалли масоили муҳити зист дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ мутахассисону коршиносони варзида, аз ҷумла намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Академияи илмҳо, ширкатҳои хусусӣ ва муассисаҳои илмӣ, дар бораи масъалаҳои рушди иқтисоди сабз, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва сабз, таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои обию замин, ҳифзи гуногунии биологӣ ва дигар паҳлӯҳои муҳими экология маърӯза карданд.
Дар музокироти фаъол, иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои судмандро оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи муҳити зист ва тавсеаи истифодаи технологияҳои сабз ироа намуданд.
Дар охири чорабинӣ маърӯзачиён ва волонтёрони фаъоли донишгоҳ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
