
ДОНИШҶӮЁНИ ДБССТ – ҒОЛИБИ ОЗМУН ДАР ДОИРАИ МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
25 ноябри соли 2025 дар заминаи Донишгоҳи давлатии адлияи судии Россия ба номи В.М. Лебедев, мизи мудаввари илмию амалии донишҷӯён дар мавзуи «Мушкилоти амалияи татбиқи ҳуқуқ ҳангоми баррасии баҳсҳои шаҳрвандӣ ва оилавӣ» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва магистрантон аз муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Дар ҷараёни гузаронидани мизи мудаввар масъалаҳои мубрами амалияи татбиқи ҳуқуқ ҳангоми баррасии баҳсҳои шаҳрвандӣ ва оилавӣ муҳокима карда шуда, равишҳои амалии ҳалли онҳо пешниҳод карда шуданд.
Дар кори мизи мудаввар донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Аҳрорзода Идрис ва Сатторов Раҳмидин Суҳробҷонович зери роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи ДБССТ Бодурова Гушан Гурезовна фаъолона иштирок ва бо маърӯзаҳои озмунӣ баромад намуданд.
Дар натиҷаи арзёбии экспертии маърӯзаҳо, донишҷӯёни донишгоҳ ҷойи 2-юмро ишғол намуда, сатҳи баланди омодагии назариявӣ ва аҳамияти амалии тадқиқоти пешниҳодшударо нишон доданд.
Дар хотимаи мизи мудаввар аз ҷониби кумитаи тадорукот ба роҳбари илмӣ – Гулшан Бодурова сипоснома ва ба донишҷӯён дипломҳои дараҷаи 2 тақдим карда шуд.
Гузаронидани чунин чорабиниҳои илмию амалӣ ба рушди иқтидори илмии донишҷӯён, таҳкими ҳамкории байналмилалии академӣ ва ташаккули салоҳиятҳои касбии мутахассисони оянда дар соҳаи ҳуқуқ самараи баланд медиҳад.



