
БАРГУЗОРИИ ҲАКАТОНИ ЭКОЛОГИИ “ПЕШСАФОНИ САБЗ”
Рӯзҳои 26-28 ноябри соли 2025 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ташаббуси Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва гурӯҳи ташаббускори “Ecoproactive” ҳакатони экологии таълимӣ дар байни ҷавонон таҳти унвони “ПЕШСАФОНИ САБЗ” (“GREEN LEADERS”) баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории ҳакатон, дастаҳои ҷавонон нахуст дар бахшҳои омӯзишӣ иштирок намуда, сипас лоиҳаҳои эҷодӣ ва амалии худро оид ба ҳифзи муҳити зист, инноватсияҳои сабз, идоракунии устувори захираҳои табиӣ ва ташаббусҳои нав пешниҳод карданд.
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун шарики илмӣ ва экспертии ҳакатони мазкур баромад намуд ва дар раванди баргузории он муовинони директори Институт – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Зулфия Қурбонзода ва номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Гулшан Бодурова фаъолона иштирок намудан.
Дар доираи барномаи ҳакатон Зулфия Қурбонзода бо маърӯза дар мавзуи «Дипломатияи сабз ҳамчун механизми нави ҳамкории байналмилалӣ» баромад кард. Гулшан Бодурова оид ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқии иқтисоди сабз ва амнияти экологӣ андешаронӣ намуд. Ҳамчунин муовинони директор ҳамчун аъзои ҳайати ҳакамон лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи гурӯҳҳоро баҳогузорӣ намуданд. Иштироки ҳайати роҳбарии Институт ба сатҳи касбӣ ва илмии ҳакатон арзиши иловагӣ бахшида, аз ҷониби онҳо ба иштирокчиён дастгирии методӣ ва тавсияҳои экспертӣ пешниҳод гардид.
Дар маросими ҷамъбасти чорабинӣ ҳамаи иштирокчиён бо сертификатҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Эко-ҳакатони таълимии соли 2025 дар Гулистон ба ташаккули тафаккури экологӣ, тақвияти малакаҳои инноватсионии ҷавонон, боло бурдани масъулияти экологӣ ва ташкили платформаи нави ҳамкории илмӣ дар байни сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мусоидат намуд.
Иштироки бевоситаи Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз дар ҳакатон мавқеи муассисаро ҳамчун маркази пешсафи таҳқиқотӣ ва шарики боэътимоди байналмилалӣ дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти иқтисоди сабз боз ҳам тақвият мебахшад.






