01 ноябри соли 2025 вохӯрии кории роҳбарияти Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони Донишгоҳи Анҳолти Олмон баргузор гардид. Дар ҳайати меҳмонон муовини президент оид ба илм ва рушди устувор профессор Маркус Ҳолс, директори барномаҳои MBA профессор Корнелия Скотт, ҳамчунин директори Маркази байналмилалии таҳқиқоти бозорҳои молиявӣ ва ҷамъияти “Илм бидуни марз” профессор Татяна Никитина иштирок доштанд.