• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Кормандон

Сардори шуъба

Маҷидӣ Умедҷон Қудратулло

Тел.: +992 886 885 000

E-mail: majidiu@gmail.com

 

 

Умеджон Маджидӣ – мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз, номзади илмҳои таърих (муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ) мебошад. Ӯ дараҷаи магистриро аз Донишгоҳи Сассекс (Шоҳигарии Муттаҳида) дар ихтисоси «Мубориза бо фасод ва идоракунӣ» ва ҳамчунин дараҷаи магистриро аз Мактаби таҳқиқоти байналмилалии Донишгоҳи Ҷавоҳарлал Неру (Ню-Деҳлӣ, Ҳиндустон) дар ихтисоси «Сиёсат» бо ихтисоси махсус дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ гирифтааст. Бо таҷрибаи васеи илмӣ ва байналмилалӣ, Умеджон Маджидӣ дарки амиқи стратегияи идоракунии ҷаҳонӣ, сиёсати зиддифасод ва ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи рушди устувор дорост.

Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз ба рушди ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ, татбиқи барномаҳои дипломатияи сабз ва рушди устувор, инчунин таҳкими иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба иқлим, экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ машғул аст.

Самтҳои фаъолияти шуъба ташкил ва гузаронидани форумҳо, конфронсҳо ва барномаҳои омӯзишии байналмилалиро дар бар мегиранд, ки ҳадафашон таҳкими имиҷи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъол дар рӯзномаи ҷаҳонии «сабз» мебошад.

Зери роҳбарии Умеджон Маджидӣ шуъба ба ҳайси минбари зеҳнӣ барои ташаккул ва пешбурди мафҳуми дипломатияи сабз фаъолият мекунад, ки шакли муосири ҳамкории миёни илм, сиёсати давлатӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба манфиати рушди устувор мебошад.

Рӯихати корҳои илмӣ – https://orcid.org/0000-0001-7334-1998


Ходими илмӣ

Қурбонов Маъруф Муидинович

 Тел: +992936660295

 E-mail: mustafam30@mail.ru

 

 

Қурбонов Маъруф Муидинович – муҳаққиқ ва омӯзгор дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз. Аз соли 2019 дар ҷодаи илм фаъолият дорад ва дар таҳқиқоти худ ба масъалаҳои рушди устувор, иқтисоди сабз ва равандҳои геополитикӣ тамаркуз менамояд.

Ӯ инчунин ҳамчун коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи таъмини сифат ва таҳлили сиёсатҳои экологӣ эътироф шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва пажӯҳишии ӯ тариқи дипломатияи сабз беҳтар гардонидани сатҳи муҳити зист, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи стратегияҳои “сабз”, иқтисоди рақамӣ ва идоракунии экологӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар фаъолияти тадқиқотии худ, ӯ ба таҳлили таҷрибаи кишварҳои гуногун дар соҳаи дипломатияи сабз ва татбиқи ин моделҳо дар рушди устувори Тоҷикистон диққати махсус медиҳад.

Айни ҳол дар Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ходими илмӣ фаъолият мебарад. Ичунин ӯ кори илсии худро вобаста ба дипломатияи сабзи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда истодааст.

Фаъолияти ӯ дар Институт ба таҳқиқ ва рушди стратегияҳои иқтисоди сабз, дипломатияи экологӣ, мушкилоти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди устувор, идоракунии захираҳои табиӣ, ва сиёсати энергетикии экологӣ нигаронида шудааст. Ӯ ба таҳлили таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти иқтисоди сабз ва мутобиқсозии он ба шароити Тоҷикистон машғул буда, ҷанбаҳои гуногуни сиёсати экологии давлатро меомӯзад.

Ҳамчунин, ӯ дар таҳияи тавсияҳо барои баланд бардоштани нақши Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии экологӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сабз, ва рушди дипломатияи экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.