• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Директор

Шарофзода Фарҳод Раззоқ

Тел.: +992 98 577 79 00

e-mail: sharopov.farkhod@gmail.com

 

 

 

Шарофзода Фарҳод Раззоқ – директори Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор мебошад. Ӯ дорои беш аз 20 соли таҷрибаи касбӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва идоракунии стратегӣ буда, ҳамчун коршиноси шинохта дар самти рушди устувор ва иқтисоди сабз, инчунин мутахассиси байналмилалӣ оид ба таҳияи низомҳои институтсионалӣ дар шароити муосир эътироф шудааст.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии профессор Фарҳод Шарофзода рушди устувор ва гузариши сабзи иқтисод, сиёсати иқлим ва муҳити зист, рақамикунонии раванди идоракунӣ ва таълим, тиҷорати дохилӣ ва байналмилалӣ, соҳибкорӣ ва моделҳои инноватсионии рушдро дар бар мегиранд.

Дар фаъолияти худ профессор Фарҳод Шарофзода самти илмӣ ва лоиҳавии институтро мутобиқ ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ ташаккул дода, таваҷҷуҳи махсус ба воридсозии принсипҳои устуворӣ ба равандҳои иқтисодӣ ва таҳсилот, тарғиби сармоягузориҳои сабз, ҳамкориҳои байналмилалии муҳити зист ва ташкили ташхиси  илмӣ барои сиёсати давлатӣ равона мекунад.

Ӯ раиси Шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар самтҳои сайёҳӣ, маркетинг ва соҳибкорӣ мебошад. Таҳти роҳбарии илмии профессор Шарофзода то имрӯз 3 рисолаи докторӣ ва 8 рисолаи номзадӣ бомуваффақият дифоъ шудаанд.

Фарҳод Шарофзода муаллифи 12 монография, 5 китоби дарсӣ ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ мебошад, ки ба масъалаҳои рушди устувор, иқтисодт сабз ва рақамӣ, ҳамчунин тиҷорати дохилӣ ва байналмилалӣ бахшида шудаанд.

Профессор Фарҳод Шарофзода фаъолона дар лоиҳаҳо ва ташаббусҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ ширкат варзида, ҳамчун ҳамоҳангсоз ва коршиноси шаш лоиҳаи байналмилалӣ оид ба навсозии низоми таҳсилот, татбиқи равишҳои сабз ва рушди рақамӣ фаъолият намудааст.

Дар вазифаи директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ӯ роҳбарии умумии рушди институтсионалӣ, фаъолияти илмӣ ва лоиҳавии муассисаро ба уҳда дошта, кори худро ба таҳкими мақоми институт ҳамчун маркази пешбари илмӣ дар самти иқтисоди сабз ва устувории иқлим равона мекунад.

Ба самтҳои калидии фаъолияти ӯ инҳо шомил мешаванд:

  • банақшагирии стратегӣ ва татбиқи таҳқиқоти афзалиятноки илмӣ ва амалӣ дар соҳаи рушди устувор ва иқтисоди сабз;
  • рушд ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ташкили ҳамкориҳо бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии пешрафта;
  • ҷорӣ намудани стандартҳои сифати фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва таҳлилии институт;
  • рақамикунонии раванди идоракунӣ, таҳлили илмӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони берунӣ;
  • тайёр намудани тавсияҳо барои сиёсати муҳити зист, иқтисодӣ ва иқлимӣ барои сохторҳои давлатӣ ва байналмилалӣ;
  • таблиғи экспертизаи илмии институт дар сатҳи байналмилалӣ, ширкат дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор.

Профессор Фарҳод Шарофзода тафаккури илмиро бо таҷрибаи байналмилалӣ ва нигоҳи стратегӣ ба ҳам оварда, Институтро ҳамчун маркази тавлиди дониш, ҳалли устувор ва муколамаи байналмилалии коршиносӣ муаррифӣ мекунад.

Барои саҳми арзандааш дар рушди илм ва маориф бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (соли 2007) ва унвони ифтихории “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2012) сарфароз гардонида шудааст.