Маълумот оид ба муассиса
| Номи пурраи муассиса | Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз» |
| Номи ихтисоршудаи муассиса | МИТ рушди устувор ва иқтисоди сабз |
| Соли таъсис | 2024 |
| Муассис | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Мансубияти сохторӣ | Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» |
| Суроғаи ҷойгиршавии муассиса | Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5 |
| Телефонҳо барои тамос | (+992) 985-77-79-00 |
| Суроғаи электронӣ | green.iutet@gmail.com |
| Сомонаи расмӣ | https://www.greeneconomy.tj |
| Намуди фаъолият | Тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ, таҳлил, машварат, экспертиза |
| Аудиторияи мақсаднок | Мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии соҳавии ҳифзи муҳити зист |
| Нашрияҳои илмӣ | Мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ, гузоришҳои таҳлилию экспертӣ, маҷаллаҳо, монографияҳо ва тавсияҳои илмию амалӣ барои ниҳодҳои дахлдори давлатӣ |
| Фаъолияти грантӣ | Иштирок дар озмунҳои грантӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаҳои илмию таҳқиқотии миллӣ ва байналмилалӣ |
| Дастгирии таълимӣ | Таҳия ва татбиқи модулҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои рушди устувор ва иқтисоди сабз дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура, ҳамчунин мусоидат ба такмили ихтисоси мутахассисон |
| Иштирок дар ҳамоишҳо ва конференсияҳо | Иштироки фаъолона дар ҳамоишҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳои илмию амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати муаррифии натиҷаҳои тадқиқотӣ ва мубодилаи таҷриба |
| Шарикони рушд | Муассисаҳои илмӣ ва таълимии миллӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои илмии бонуфузи хориҷӣ, шабакаҳои байналмилалии таҳқиқоти рушди устувор ва муҳити зист |
Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон як платформаи фаъоли илмию таҳқиқотӣ мебошад, ки барои ҳалли мушкилоти муосири рушди устувор ва таъмини тавозуни экологии кишвар равона шудааст.
Институт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 662, аз 26 декабри соли 2024 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва устувории экологии кишвар мебошад.
Миссияи институт дар мусоидат намудан ба устувории иқтисодӣ ва экологӣ тавассути гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самти рушди устувор ва иқтисоди сабз ифода меёбад.
Мақсади асосии институт ин рушди нерӯи илмӣ ва дастгирии сиёсати рушди устувор ва иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти институт ба ҳалли масъалаҳои калидии рушди устувор тавассути татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ва амалӣ равона шудааст.
Вазифаҳо
– гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи иқтисоди сабз, рушди устувор ва экология;
– таҳияи тавсияҳои илмӣ барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди устувор;
– таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки ба ҷорӣ намудани технологияҳои сабз равона шудаанд;
– омода намудани мутахассисони баландихтисос, ки дониши амиқ дар соҳаи рушди устувор ва иқтисоди сабзро доранд;
– ташвиқи ғояҳои иқтисоди сабз тавассути барномаҳои таълимӣ ва ташаббусҳои оммавӣ;
– ташкили конфронсҳо, семинарҳо ва форумҳои илмии байналмилалӣ ва миллӣ;
– ҳамкории фаъол бо шарикони байналмилалӣ ва иштирок дар ташаббусҳои ҷаҳонии сабз.
Самтҳои фаъолият
Институт фаъолияти худро дар якчанд самтҳои калидӣ ба роҳ мондааст, ки ҷанбаҳои асосии рушди устувор ва иқтисоди сабзро фаро мегиранд:
1. Тадқиқот дар соҳаи энергияи сабз – таҳияи тадбирҳо барои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия.
2. Саноати сабз ва иқтисоди даврӣ – омӯзиши моделҳо барои коҳиши партовҳо ва истифодаи такрории захираҳо бо мақсади ташкили давраҳои пӯшидаи истеҳсолӣ.
3. Кишоварзии устувор ва амнияти озуқаворӣ – тадқиқот барои баланд бардоштани устувории низомҳои аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар.
4. Рушди устувори соҳаҳои хизматрасонӣ – дарёфти роҳҳои навоварона барои ворид намудани принсипҳои устуворӣ дар соҳаи хизматрасонӣ.
5. Ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиӣ – таҳияи стратегияҳо барои ҳифзи экосистемаҳо ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ.
6. Рушди шуғли сабз ва маърифати экологӣ – ташвиқи ҷойҳои кории бехатари экологӣ ва баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи принсипҳои рушди устувор.
7. Ҷанбаҳои ҳуқуқии рушди устувор – таҳқиқи қонунгузорӣ ва таҳияи механизмҳои ҳуқуқӣ барои дастгирии рушди устувор ва иқтисоди сабз.
8. Муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи сабз – ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва ташвиқи дипломатияи сабз.
Дидгоҳи стратегӣ
Институт талош меварзад, ки пешсафи соҳаи таҳқиқот ва татбиқи технологияҳои сабз гардад ва ҳамчун маркази густариши ташаббусҳои илмӣ, ки бо рушди устувор иртибот доранд, баромад кунад.
Мо бо муассисаҳои илмии миллӣ ва байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ намуда, лоиҳаҳоро, ки ба ташаккул ва рушди устувор ва иқтисоди сабз дар Тоҷикистон равона шудаанд, таҳия ва татбиқ менамоем.
Бо тамаркуз ба лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ, институт дар ташаккули рушди усутвори ҷумҳурӣ саҳми муҳим мегузорад, то он ба кишвари сабз ва аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ устувор табдил ёбад.
Институт барои ҳамкорӣ онҳое, ки миссияи онро дастгирӣ мекунанд ва омодаанд дар бунёди ояндаи сабз иштирок намоянд, даъват ба амал меорад
