• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.

Научно-исследовательский институт устойчивого развития и зеленой экономики Международного университета туризма и предпринимательства

Знакомство новых членов Клуба экологических волонтёров с деятельностью Комитета

Знакомство новых членов Клуба экологических волонтёров с деятельностью Комитета

Дар арафаи ҷашни Наврӯз як гуруҳ аъзои нави Клуби волонтёрони экологӣ, ки аксариятро донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташкил мекунад, дар бинои Кумита аз Раёсати рақамикунонӣ ва инноватсия боздид ба амал оварданд. Ба волонтёрон мутахассиси Раёсати мазкур доир ба тарзу рафти корҳо ва махсусияти фаъолияти Раёсати мазкури Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
♻️ Сипас дар толори калони маҷлисгузаронии Кумита ба волонтёрон тавассути монитори калон доир ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки ба санаи 21 март мувофиқ меояд, филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд. Инчунин бо мақсади ошноии бештари волонтёрон маводҳои гуногуни иттилоотиву маърифатӣ тақсим карда шуд.
♻️ Дар қисми ниҳоии чорабинӣ баромадҳои кутоҳ доир ба таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба омӯзиш фаро гирифтани насли ҷавон ва рушди ҳаракати эковолонтёрӣ, тақвияти баргузории чорабиниҳои муҳитзистӣ карда шуд.
♻️ Аъзои нави клуби волонтёрони экологӣ аз боздид ва шиносоӣ бо фаъолияти Кумита бардошти хубу таассуроти рангин гирифта, омодагии худро барои иштирок дар чорабиниҳои экологии Кумита изҳор доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *