• green.iutet@gmail.com
  • Республика
Таджикистан,
734055,
г.
Душанбе,
пр.
Борбада,
48/5.
СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ҲИФЗИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ”

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ҲИФЗИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ”

Таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди сайёҳии экологӣ дар мамлакат ҳамчун яке аз самтҳои муҳими стратегии рушди устувор арзёбӣ мегардад. Дар мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2025 баргузор гардид, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «нигоҳ доштани гуногунии биологии кишвар, ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир, инчунин рушди бахши сайёҳии экологӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ, вазифаи муҳими мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад».
 
Сарвари давлат зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои нодири табиӣ ва экосистемаҳои беназир буда, ҳифзи онҳо ва табдили онҳо ба манбаи рушди сайёҳии экологӣ метавонад ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, боло бурдани сифати зиндагии аҳолӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд. Зимни суханронии худ Пешвои миллат дастур доданд, ки лоиҳаи “Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ” ва “Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030” таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод карда шавад.
 
Дар ин замина, 08 октябри соли 2025 бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази Орхуси назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кооперативи истеҳсолии “Ҳакимӣ” дар Маркази омӯзишии экологии Боғи табиӣ-таърихии “Ширкент” воқеъ дар дараи зебоманзари Қаратоғ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ҳифзи гуногунии биологӣ ҳамчун омили рушди сайёҳии экологӣ» баргузор гардид.
 
Мақсади асосии семинар таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳии экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа ва муаррифии имкониятҳои табиию сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 
Дар оғози чорабинӣ сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Қудратов Некруз Абдунабиевич ва директори Институт доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарофзода Фарҳод Раззоқ оид ба аҳаммияти стратегӣ ва илмии ҳифзи гуногунии биологӣ барои таъмини рушди устувор ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ зикр карданд. Қайд гардид, ки ҳамгироии сиёсати экологӣ ва иқтисоди сабз бо рушди бахши сайёҳӣ метавонад ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва афзоиши некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат намояд.
 
Дар ҷараёни семинар директори Боғи табиии таърихии Ширкент Шарипов Маъруф Бекмуродович оид ба хатсайрҳои сайёҳии боғ ва аҳаммияти он дар рушди сайёҳии экологӣ, роҳбари Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Якубов дар бораи нақши иттилоот дар таъмини устувории гуногунии биологӣ, муассиси Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳудуди махсус муҳофизатшаванда” ва Кооперативи истеҳсолии “Ҳакимӣ” Қутбиддин Раҷабов доир ба таҷрибаи ҳифзу нигоҳдории гулмоҳии амударёӣ дар минтақаи Ширкент баромад намуданд.
 
Сипас муовини директори Институт, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Зулфия Қурбонзода дар маърӯзаи худ дар мавзуи “Ҳифзи табиати Тоҷикистон: маърифат аз оила оғоз меёбад” оид ба нақши оила дар ташаккули фарҳанги экологӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар идома, мудири шуъбаи кишоварзии устувор ва бехатарии озуқавории Институт доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фирдавс Арабов бо гузориши таҳлилӣ дар бораи менеҷменти экологӣ ва рушди соҳаи сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон баромад карда, самтҳои афзалиятноки ҳамгироии иқтисоди сабз ва сайёҳии экологиро шарҳ дод.
 
Дар музокира муовини директори Институт, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Бодурова Гулшан Гурезовна ва сарходимӣ илм, доктори илмҳои техникӣ, професссор Маҷидов Ҳамид фикру андешаҳои худро оид ба мавзуи семинар баён доштанд.
 
Дар бахши амалии семинар иштирокчиён аз хатсайрҳои Боғи табиӣ-таърихии Ширкент боздид намуда, дар чорабинии рамзии сар додани моҳичаҳо ба дарёи Қаратоғ иштирок карданд. Ин иқдом ҳамчун рамзи масъулияти иҷтимоии олимон ва муҳаққиқон дар ҳифзи экосистемаҳои кишвар ва таъмини устувории экологӣ арзёбӣ гардид.
 
Чорабинӣ дар фазои ҳамкории илмӣ ва муносибати масъулиятнок ба табиат баргузор гардида, саҳми муҳиме дар рушди маърифати экологии ҷомеа ва пешбурди ташаббусҳои миллӣ дар самти иқтисоди сабз гузошт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *