
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ СУЛҲОФАРИНИ ҶАҲОН
Дар тамоми давру замонҳо қаҳрамонон ва сулофаринҳо ҳеҷгоҳ фаромуш намешаванд ва миёни халқу миллат азизу гиромӣ мебошанд. Яке аз чунин фарзонафарзандони миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар тақвияти сулҳу суботи натанҳо Тоҷикистон балки бо ташаббусшои шоистаи худ барои ташкилу таъмини зиндагии шоистаи сокинони сайёра саҳми беназир дорад. Маҳз ҳамин ташаббусҳои созандаву заҳматҳои пайвастааш барои таъмини сулҳу суботи сартосарӣ уро маҳбуби дилҳо намудааст, ки шоистаи таҳсин мебошад.
Мардуми тоҷик ба хубӣ огаҳӣ доранд, ки барои расидан ба сулҳу субот дар кишвар Пешвои миллат чи миқдор барномарезиҳои муфид ва судмандро анҷом дода, муваффақ шуданд, ки тарҳи муфид ё модели сулҳи тоҷик мавриди амал қарор бигирад. Ин барномаи бузург дар фурсати кӯтоҳ ҳамчун намунаи барҷастаи фарҳанги сулҳофаринӣ дар саросари олам эътироф гардид ва, ҳатто, Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Кофе Аннан онро намунаи нодири ҳаллу фасли муноқишаҳо дар кишварҳои шомили ҷанг номида буд. Ба таъбири дигар, ӯ таъкид карда буд, ки кишварҳои ҷангзадаи олам метавонанд аз барномаи сулҳи эҷоднамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода намоянд.
Барои чунин талошҳову ташаббусҳои созанда, хусусан дар иртибот ба пешниҳод ва қабули «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» тавассути қабули қатъномаи махсуси мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 25 майи 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуд. Ҷоизаи мазкур бо фармони Ректори Донишгоҳи Сулҳи Созмони Милали Муттаҳид доктор Франсиско Рохас Аравена ба имзо расида, аз ҷониби Намояндаи доимии ин Донишгоҳ – Сафир Дэвид Фернандес Пуйана ба Пешвои миллат тақдим гардид, ки эътироф шахсияти барҷастаи таъсиргузор будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳи минтақаву ҷаҳон, инчунин барои таъмини суботи сартосариву пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим буда, аз ҷониби яке аз бонуфузтарин ниҳодҳои олам тасдиқ гардидааст. Ёдовар мешвем, ки ҷоизаи мазкур барои шахсиятҳои барҷастаи сулҳофар ва кишварҳое, ки дар роҳи сулҳсозӣ дастовардҳои беназир доранд, аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида мешавад.
Пешвои миллат ҳангоми суханронии худ дар нишасти 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба таври махсус таъкид намуда буданд, ки “Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем. Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем”. Ин пешниҳоди Пешвои миллат дар навбати аввал, ба ҳамаи онҳое, ки фардои инсониятро андеша намекунанд, ба ҳукми ҳушдоре буд, ки бояд силоҳҳоро бар замин бигузоранду даст ба дасти ҳамдигар дода роҳи сулҳро пеша кунанд. Чунки сайёраи замин хонаи умеди тамоми сокинони он аст ва бояд тамоми башарият ба тақдиру осоиштагии он биандешад ва бетараф набошад.
Дар замони танишҳои ҷаҳонӣ Сарвари давлати мо аввалин нафаре гардиданд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз чунин таҳдиду хатарҳо барои инсоният ва андешаи сарнавишти наслҳои оянда ин пешниҳоди зиндагисоз ва паёми сулҳофаринро дар саросари ҷаҳон манзур карданд. Равшан аст, ки пайомади ҳамаи ин ҷангҳо қатлу куштор ва адами инсоният аст, ҳосили набардҳо бехонаву дар мондан, муҳоҷиршавии сокинони кишварҳои мухталиф, рӯ ба рӯ гардидан ба хатарҳои зиёд аст, ки онҳоро метавон хатарҳои глобалии сайёра унвон намуд.
Воқеан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди сулҳ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди ташаббусҳои глобалӣ барои зиндагии шоистаи сокинони сайёра нақши бориз дошта, дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум миёни халқҳо, хусусан пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи обу иқлим ҳамчун чеҳраи барҷастаи сиёсӣ дар ҷаҳон эътироф гардидаанд. Чунин таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ ба Пешвои миллати мо имкон дод, ки пайваста дар маҷлисҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ масъалаҳои умумиинсониро ба миён гузошта, Тоҷикистонро ба унвони мизбони чандин чорабиниҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ ва дар баробари ин тақдирсоз муаррифӣ намоянд.
Барои марҳала ба марҳала расидан ба масъалаи таъмини сулҳ ба хотири наслҳои оянда чандин маротиба чунин суханрониҳои тақдирсоз ва башардӯстонаи Пешвои миллат дар минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ садо доданд ва ин ташаббусҳо бори дигар собит намуд, ки Пешвои миллати мо имрӯз ягона сарваре ҳастанд, ки ба тақдир ва сарнавишти натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми мардуми сайёра, хоса наслҳои ояндаи инсонӣ андеша мекунанд. Ҷаҳони муосир низ дар ин ҷода аз талошу кӯшишҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таҳкими сулҳ истиқбол намудааст, ки дар натиҷа ба чанд ҷоизаи байналмилалӣ барои сулофаринӣ мушарраф шуданд ва ифтихори тамоми тоҷику тоҷикистониён мебошанд.
Меҳриддин Холзода
доктор PhD,
Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи
Донишгоҳи байналмилалии сайеҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
